Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рўи дўстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дўстони пурҳунар.

Андешаву афкори ахлоқиву башардўстӣ дар адабиёти бадеӣ бо роҳу равиши гуногун ифода мешавад ва яке аз онҳо ба тариқи панду андарз баён намудани онҳост. Василаи дигари хеле муносиби ифодаи афкору андешаи инсондўстӣ тамсилу масал мебошад. Дар масал ба назари аввал гўё ҳадафи шоир рафтори ҳайвонот ва воқеаҳоест, ки бо ҷонварон рух медиҳад. Вале дар асл ин танҳо як василаест барои ифодаи ғояву андешаи ахлоқиву гуманистӣ. Шоир ба тасвири ҳайвонот эҳсосу ҳаяҷон, фикру андешаи инсониро ифода менамояд, ба одамон ягон матлабро талқину тарғиб месозад ва ё хислати ношоямеро мазаммат мекунад. Зиёда аз ин дар ҳар лаҳзаи тасвир муносибати худи шоир, эҳсосу назари ў чун фарди ҷомеа ифода мегардад. Устод Рўдакӣ аз ин василаи ибрози эҳсосу андешаҳои ахлоқӣ ҳам хеле моҳирона истифода кардааст. Аз осори боқимондаи шоир маснавии «Калила ва Димна» намунаи барҷастаи ин қабил осор аст,ки аксари панду андарзҳои маҷмўаи ҳозир низ аз ҳамин маснавӣ гулчин шудаанд.
Инсоне, ки устод Рўдакӣ мавриди ситоиш қарор дода орзуву омол, эҳсосу андеша ва ангезишҳои олами ботинии ўро ифода намудааст, хаёливу таҷридӣ набуда, пеш аз ҳама намоёнгари мардуми одиву меҳнаткаш мебошад, ки тамоми ғаму андўҳ, ҷабру зулми замона ба сари онҳо бор шудааст:

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рўзгори нох(в) аш моем.

Дар ҷомеаи феодалӣ, ки ҳуқуқҳои инсонии аҳли заҳмат поймол мегардид, Рўдакӣ ба дифои мардуми бечораву мазлум, «ки ҷавин нон наёбад сер» бархоста , пуштибонии онҳоро нишонаи мардӣ медонад. Ин хитоб ва ё даъвати расои инсонпарваронаи шоир эътирози сахте буд ба ҳокимону давлатмандони даврон, ки «пой задан ба афтодагон» аз хислатҳои хосси онон ба шумор мерафт:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ.

пешина
аз 625
навбатӣ