Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў барои таҳкими сулҳу дўстии мардумони ҷаҳон ба кишварҳои гунгогуни Осиёву Африқо, Урупову Амрико амсоли Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҷопон, Кура, Индонезӣ, Ироқ, Сурия, Миср, Лубнон, Яман, Тоиланд, Бирмо, Шрилонко, Алҷазира, Генӣ, Судон, Чек, Қибрис, Фаронса, Суид, Суис, Итриш, Кубо, Конодо, Мексико сафар кардааст.
Барои сурудани ашъори баланди башардўстӣ , хадамоти барҷаста дар роҳи сулҳу дўстии мардумони ҷаҳон ў ба чандин ҷоизаҳои муҳим тақдир шудааст. Аз ҷумла ў сазовори ҷоизаи давлатии Шўравӣ, Ҷоизаи байналмилалии Неҳру, Чоизаи Рўдакӣ, нишони Крил ва Мифодий, нишони Ҷамол Абдулносир ва амсоли инҳо гаштааст. Ў ба унвонҳои Нависандаи мардумии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Устод Мирзо Турсунзода осори ғании адабиву илмӣ боқӣ гузоштааст, ки аз ашъори ғиноиву манзумаҳои ҳамосӣ, достонҳову дромҳо, мақолаҳои илмиву публисистӣ ва амсоли инҳо иборатанд.Ў шеъргўиро бо ғазалҳои навмашқона шурўъ намуда, сипас дар навиштани мухаммас, мураббаъ ва амсоли онҳо ҳунарозмоӣ мекунад. Хидмати шоир ба хусус дар рушди маснависароӣ хеле бузург аст. Маснавии нахустини ў «Офтоби мамлакат», ки тасвири корномаи меҳнатии панбакоронро дар бар мегирад, соли 1935 таълиф шудааст.Дар ин маснавӣ таъсири суннатҳои маснависароии пешин, ба хусус маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ ба назар мерасад. Дар маснавии дигари шоир «Хазон ва баҳор», ки он ҳам ба тасвири ҳаёти зани кишоварзи тоҷик ихтисос дода шудааст, суннатҳои маснависароии Низомӣ ҳувайдост.Дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳон низ Мирзо Турсунзода навиштани маснавиҳои баландро идома медиҳад ва достони маъруфи худ «Писари Ватан»-ро меофарад.

пешина
аз 625
навбатӣ