Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки донишманди шинохтаи тоҷик Хуршеда Отахонова дуруст таъкид мекунад, «Писари Ватан» бо бисёр хусусиятҳои худ ба достонҳои Низомии Ганҷавӣ робитаи бевосита дорад.» Дар солҳои баъд шоир навиштани манзумаҳои баландро идома дода, достонҳои барҷастаи «Ҳавсани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»-ро меофарад, ки дар воқеъ боиси шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ному осори шоир гаштанд.
Осори Мирзо Турсунзода аз лиҳози мавзўоту мўҳтаво низ хеле ҷолиб буда, паҳлўҳои гуногуни зиндагии мардуми тоҷик ва халқҳои гуногуни оламро фаро мегирад.Чашмандози шоир аз тасвири меҳнату дастовардҳои мардуми тоҷик, ситоиши ватан шурўъ гардида, тадриҷан васеъ мешавад ва таҷассуми муҳимтарин масоили ҳаёту муборизаи мардумони ҷаҳонро дар бар мегирад. Дар шеърҳои аввалини худ шоир қабл аз ҳама дўстии халқҳои шўравиро чун яке аз омилҳои пешрафтҳои иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон тараннум намуда, тасвирҳои тозаву рангини «меваи ширини як боғ», «нури як субҳ», «гулу гулдастаи як чаман», «шўълаи офтоби як саҳар», «мурғи бахти як ошёна» ва амсоли инҳоро меофарад, ки иттиҳоду дўстии мардумонро ба таври мушаххас таҷассум менамояд. Пас аз он ки шоир бори аввал ба хориҷ аз кишвар сафар мекунад, мавзўи дўстӣ дар ашъори ў густариш пайдо карда, тавсифи дўстии халқҳои ҷаҳон аз мавзўоти асосии осори ў қарор мегирад. Дўстӣ дар ашъори шоир мафҳуми васеъ пайдо карда, аз рафоқати фардӣ то то дўстии халқҳову абнои башарро дар бар мегирад. Дўстӣ мароми асосии зиндагии шоири инсондўст гардида, ў ҳамеша дар ҷустуҷўи дўстони нав мешавад :
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо, Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.

пешина
аз 625
навбатӣ