Равзанаи адаб

Падараш усто Турсун аз косибони чирадаст буда, пешаи дурудгарӣ доштааст. Модари шоир дар синни нўҳсолагии ў аз ҷаҳон чашм пўшидааст. Мирзо Турсунзода таҳсилро дар мактаби кўҳнаи назди масҷиди маҳалла шурўъ намуда, дар мактаби ҷадид идома додааст. Дар солҳои 1925 – 1926 дар мактаби давлатии шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Сипас барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд меравад ва дар Дорулмуаллимини тоҷикии он ҷо таҳсил мекунад. Шоир баъдтар дар манзумаи баланди «Ҳасани аробакаш» ин сафари худро чунин ба қалам додааст:
Ҳафт шаб бо аробакаш ҳамроҳ Сахтии роҳро ба сар бурдем.
Хешро то ба истгоҳи вогун Некбахтона бе хатар бурдем. Зимни таҳсил дар Дорулмуаллимин Мирзо Турсунзода дар радифи адабиёти гузаштаи форсу тоҷик бо осори адибони русу Ғарб ошноӣ пайдо мекунад.
Нахустин шеърҳои худро низ ў дар ҳамин даврон офаридааст.
Баъди ба анҷом расонидаани таҳсил Мирзо Турсунзода ба шаҳри Душанбе омада, дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор шурўъ менамояд. Ў дар радифи мақолаву хабарҳо ба таълифи шеъру достони кўтоҳ ва дром машғул мешавад. Намоишномаҳои ў «Ҳукм», «Хусрав ва Ширин», «Шўриши Восеъ» ба ташаккул ва такомули дромнависӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд. Солҳои 1933 – 1935 ў дар театри навтаъсиси Хуҷанд кор мекунад. Пас аз таъсиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар онҷо ба кор пардохта, аз соли 1936 то поёни умр, яъне то соли 1976 раёсати ин иттиҳодияро ба ўҳда дошт. Дар ин муддат ў ба риҷоли барҷастаи фарҳангиву сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки Шўравию ҷаҳон табдил ёфт. Ў соли 1951 узви пайвастаи Академияи улуми Тоҷикистон интихоб мешавад. Мирзо Турсунзода дар симатҳои муҳими раёсати Кумитаи шўравии ҳамраъйии мардумони Осиёву Африқо, узви кумитаи шўравии сулҳ, узви раёсати қумитаи ҷаҳонии сулҳ, раиси Кумитаи муҳофизати сулҳи Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор