Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале, мутаассифона, дар осори назарияи адабиётшиносии гузашта ва имрўзаи тоҷику форс ба ин навъи қасида ва умуман шеър таваҷҷўҳ нашудааст. Аксари муҳаққиқон ҳатто вазифаи қасидаро танҳо аз баёни мадҳ иборат медонанд.
Масалан, Сируси Шамиссо дар таърифи қасида навиштааст:
«Шеъре, ки дар он қасди хосе бошад ва он қасд дар асл мадҳ аст». Ҳарчанд Сируси Шамиссо баъдтар дар қасида баён шудани мавзўъҳои дигарро аз қабили нукоти ахлоқӣ, ҳикамӣ ва динӣ гўшрас менамояд, вале онҳоро мавзўъҳои фаръӣ медонад ва таъкид мекунад: «Ҳарчанд шоироне чун Носири Хусрав ба қасидаҳои мазҳабиву фалсафӣ ва Манучеҳриву Хоқонӣ ба васфи табиат ва Саноӣ ба ирфон ва Масъуди Саъд ба ҳабсия маъруфанд, аммо ба таври куллӣ мазмун ва қасди аслии қасидаро мадҳ маҳсуб дошт». Ҳусейни Размҷў низ ҳарчанд дар бораи навъҳои гуногуни қасида аз назари радифу қофия, ташбибу тағаззул ва мавзўъ сухан ронда, аз ҷумла ба қасидаҳои ҳабсия, шиквоия, ватанӣ, сиёсӣ, иҷтимоъӣ, динӣ ишора мекунад, вале аз қасидаҳои фалсафӣ ё ҳикамӣ ёд намекунад. Чунин вазъро дар адабиётшиносии тоҷик низ метавон мушоҳида кард. Дар «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» ба 6 навъи қасида(баҳория, ҳолия, фахрия, ишқия, хамрия, ҳаҷвия) ишора шудааст.
Ю. Бобоев ба навъҳои мазкур муноҷот ва наътро илова намуда, аз қасидаҳои фалсафӣ ёде намекунад. Дар ин бора дар асари Р. Мусулмониён ва адабиётшиносони дигар низ ишорае ба назар намерасад. Тавре ки мебинем, дар осори назариявии адабиётшиносӣ моҳияту мўҳтавои қасида аксаран якҷониба ва маҳдуд шарҳ дода шудааст ва аз вуҷуди қасидаи фалсафӣ ё ҳикамӣ дар адабиёти тоҷику форс зикре нарафтааст.
Робитаи адабиёт, аз ҷумла адабиёти мардумони эронӣ бо фалсафаву ҳикмат ва ба хусус ахлоқ аз замонҳои қадим вуҷуд доштааст, ки «Авесто» ва андарзномаву худойномаҳои давраи Сосониён далели барҷастаи онанд. Вале аксари муҳақиққон ба ин масъала камтар таваҷҷўҳ карда, ин ҷанбаи муҳимми адабиёти тоҷику форсро нодида гирифтаанд. Ҳатто донишманди маъруф И.С.

пешина
аз 625
навбатӣ