Равзанаи адаб

Брагинский дар зимни баррасии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рўдакӣ на танҳо ба моҳияти фалсафии қасида таваҷҷўҳ накардаст, балки донишмандии шоирро низ нодида гирифтааст.Ў маҳорати шоирии устод Рўдакиро хеле хуб шарҳ дода, дар айни замон донишмандии вайро инкор менамояд: «Рўдакӣ файласуф набуд, ки оламро шарҳ диҳад, вай шоире буд, ки оламро эҳсос мекард ва орзу дошт, ки он беҳтар гардад». Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки дар шеъри Рўдакӣ таъбирҳои дақиқи фалсафӣ нестанд, ҳарчанд истилоҳоти фалсафӣ чун чаҳор унсур(ҳаво, оташ, хок, об) мавҷуданд. Вале набояд фаромўш кард, ки моҳияти шеърро на корбурди истилоҳоту мафҳумҳо, балки мазмуну муҳтавои он муайян менамоянд.
Баррасии мавзўъ ва муҳтавои қасида нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии шоир қабл аз ҳама баёни андешаву эҳсос дар бораи маъниву моҳияти ҳаёту ҳастӣ аст. Шоир ба сароҳату равшанӣ ва хеле содаву ошкоро аз гирду гардон будани олам, аз тазодҳо таркиб ёфтани ҳаёту табиат, аз таҳаввулоту тағйири доимии онҳо, табдилу дигаршавии пайвастаи олам ва амсоли инҳо, ки аз мақулаҳои аслии фалсафаанд, сухан меронад. Ин андешаҳои жарфи фалсафии шоир тавассути тасвирҳои ҷолибу маҳсус ба қалам омадаанд:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст, Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад Вабоз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Кўҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав бу Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд, Басо шикаста биёбон, ки бо ги хуррам буд, Ва боғи хуррам гашт он куҷо биёбон буд. Аз байтҳои мазкур бармеояд, ки Рўдакӣ аз фалсафаву ҳикмати аҳди бостон ошноӣ доштааст, аз қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо ва омили рушд будани тазод ва амсоли инҳо, ки дар осори файласуфони Юнони бостон баён шудаанд, огоҳ будааст Тавре ки А. Сатторзода дуруст таъкид кардааст, қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ба усули тазоду муқобала асос ёфтааст. Ин тазодро ҳам дар муҳтавои тасвир – ҳаёти даврони пириву ҷавонӣ, дар табиати гирдгардон, табдили баҳору хазон, биёбону бўстон, ҳам дар ҳолатҳои рўхиву равонии инсон амсоли шодиву ғам, дарду дармон, ҳам дар василаҳои тасвир чун боғу биёбон, ҳариру санг ва вожаҳо метавон мушоҳида кард. Ин бесабаб нест, зеро шоир ба қонуни рушди ҳаёт ва табиат, ки аз ягонании ба ҳам зидҳо таркиб ёфтааст, ба хубӣ огоҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё