Равзанаи адаб

Дар рисолаҳои ба илми нуҷум бахшидаи Муҳаммад Хоразмӣ низ бештар ба ҷиҳатҳои амалии он илм диққат дода шудааст ва ҷадвалу зичҳои офаридаи ў дар соҳаҳои гуногун мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ҷадвалу зичҳои астрономии Хоразмӣ дар асоси мушоҳидаҳои гузаронидаи ў ва ҳамкоронаш аз як тараф ва анъанаҳои астрономии эрониву ҳиндӣ аз тарафи дигар офарида шуда, дар навбати худ барои ривоҷи минбаъдаи тадқиқотҳои астрономӣ дар Европаи Ғарбӣ замина гузоштаанд. Ҷадвали астрономии Хоразмӣ, ки ҳанўз соли 1126 ба лотинӣ тарҷума шуда, ба тадқиқотҳои астрономӣ дар Европа асос гузоштааст, барои андозагириву ченкунии масоҳатҳои гуногун васеъ истифода мешуд.
Чунон ки мебинем, дар тамоми асарҳои Муҳаммад Хоразмӣ консепсияи ҳамбастагии илму амал ба таври равшан зоҳир гаштааст. Зимнан бояд гуфт, ки масъалаи илму амал аз мавзўъҳои муҳимми адабиёти халқҳои эронинажод буда, дар ашъори шоирони гузаштаи тоҷику форс низ дар ҳар маврид таъкид мешуд.
Аз ҷумла Саъдии Шерозӣ омўзиши илмро бидуни амал эътироф намекунад ва ҳатто нодонӣ мешуморад:
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ бошад илми беамалро зиёдативу бефоида медонад:
Чу касби илм кардӣ, дар амал кўш,
Ки илми беамал борест бар дўш.
Илми беамалро Бадриддини Ҳилолӣ низ кори бефоида дониста, амалро меъёри асосии қадру арзиши илм қарор медиҳад:
Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Камолиддини Биноӣ илми беамалро ҳатто барои инсон зарарноку халаловар меҳисобад:
Илм агар бо амал наёмезад,
Халал орад, залолат ангезад.
Ба ин минвол классикони адабиёт орзуву умеди халқро ифода
намуда, моҳияти илмро танҳо дар ҳамбастагии он бо амал медонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор