Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мафҳуми «амал» бошад маънии кору амали некро ифода менамуд ва беҳуда нест, ки Носири Хусрав «то илм наёмўзӣ, некӣ натавон кард» мегўяд.
Муҳаммад Хоразмӣ низ дар рисолаҳои худ маҳз ҳамбастагии имлу амали некро ба таври аёнӣ талқин мекунад ва таъкид менамояд, ки илм бояд ба манфиати инсон хизмат кунад, мушкилоти рўзгори ўро ҳал намояд. Эҳтимол баъзе муодилаҳои ҳалкардаи Хоразмӣ бо мурури замон кўҳна шуда, ҳоло арзиши худро аз даст дода бошанд, вале ғояҳои инсондўстонаи рисолаҳои ў, яъне ба кори нек, ба манфиати одамон истифода бурдани илм ҳеҷ гоҳ кўҳна нахоҳад шуд ва ҳар қадар инсоният ба зинаҳои баландтари тамаддун барояд ва ба дараҷаи олии инкишофи илму фан бирасад, боз ҳам нуктаҳои башардўстонаи Хоразмӣ арзиши бештаре касб намуда, наву замонавӣ хоҳанд монд.
Имрўз, ки яке аз дастовардҳои муҳимми илми муосир, зодаи ақлу тафаккури инсон – атом ба ҳаёти худи инсоният таҳдид мекунад ва хавфи маҳви зиндагиро ба вуҷуд овардааст, арзиши ғояҳои инсондўстонаи Хоразмӣ даҳчанд меафзоянд. Беҳуда нест, ки донишмандони бузурги замони мо низ нисбат ба оқибатҳои истифодаи дастовардҳои илм бетараф набуда, монанди Хоразмӣ ба манфиати инсон равона кардани онҳоро таъкид мекунанд. Аз ҷумла физики барҷаста, раиси собиқи Шўрои Умумиҷаҳонии сулҳ Федерик Жюлио–Кюри навиштааст: «Ҳарчанд мо ба оқибатҳои некфарҷоми он (илм – М.М.) имони росих дорем… мо медонем, ки дар дасти ҷинояткорони оташафрўзи ҷанг вай ба аслиҳаи харбиоваре табдил меёбад…» Дар ҳақиқат, кашфиёту дастовардҳои илмро бо мақсадҳои мухталиф истифода кардан мумкин аст. Як кашфиёти физикиву химиявӣ ё биологӣ метавонад барои пешрафти азими инсоният хидмат кунад. Вале баръакс, дар сурати истифодаи нодуруст худи ҳамон кашфиёт метавонад боиси харобии оламу бадбахтии одам гардад. Ин бори дигар моҳияти иҷтимоиву ахлоқии илм ва олимро дар ҳамаи давру замонҳо нишон медиҳад.
Муҳаммад Хоразмӣ монанди Ибни Синову Форобӣ асарҳои фалсафӣ таълиф накардааст (навишта бошад ҳам, то имрўз нарасидааст), то мо бо ҷаҳонбиниву нуқтаи назарҳои иҷтимоиву ахлоқии ў огоҳ шавем. Вале дар зимни рисолаҳои хурди илмии ў ҳам, ки то имрўз боқӣ мондаанд, метавон ишораҳое пайдо кард, ки аз мавқеъ ва эҳсосу андешаҳои инсондўстии ин донишманди бузург шаҳодат медиҳанд.
Яке аз масъалаҳои нозук ва мураккаби зиндагии табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар асрҳои миёна тақсими мерос ба шумор мерафт.
Дар ин масъала низ аҳли ҳукмрони давр сўйистифода намуда, ба манфиати худ амал мекарданд.

пешина
аз 625
навбатӣ