Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар ки аз макру ҳилаву талбис
Пок гардид, гашт покнавис.

Покии дилу сафои ботинӣ барои котиб хеле зарур аст. Зеро ба қавли Султон Алӣ ҳусни хатти котиб таҷаллии покиву зебоии ботинии ўст:

Донад он кас, ки ошнои дил аст,
Ки сафои хат аз сафои дил аст.
Хат навиштан шиори покон аст,
Ҳарза гаштан на кори покон аст.

Султон Алӣ ба такрор таъкид мекунад, ки котиб бояд тамоми нерўи худро баҳри иҷрои кор харҷ намояд ва ҳатто агар зарур бошад, гўшанишиниву хомўширо ихтиёр кунад. Ў дар ин бобат гўшанишинии ҳазрати Алиро, ки барои китобати Қуръони маҷид пеш гирифта буд, мисол меорад.
Тавре ки ҳувайдост, Султон Алӣ рисолаи худро "дар қавоиди хат" ё "дар одоби хат" донистааст, вале дар асл он вазифаи бештареро адо намуда, баробари қоидаҳои хаттотӣ одобу ахлоқи инсониро низ ба котибон меомўзад. Ба назари Султон Алӣ барои котибон хислатҳои неки инсонӣ мисли хислатҳои кориашон хеле зарур аст. Аз ин рў ў барои тарғибу ташвиқи ин хислатҳо аз воситаҳои гуногуни тасвир, аз ҷумла тамсилу ҳикоёт, зарбулмасалу мақолҳо, ташбеҳу тавсифҳо ва амсоли инҳо бамаврид истифода менамояд.
Рисолаи манзуми Султон Алии Машҳадӣ ҳарчанд ҳаҷман хеле хурд аст, вале дорои мазмуну матолиби муҳим ва арзишҳои волои ахлоқиву зебошиносӣ буда, тадқиқи амиқу ҳарҷонибаи он барои таъйини меъёрҳои ахлоқиву эстетикии ҳунари аҳди Беҳзод мадад мерасонад ва имрўз низ барои тарбияи маънавии мардум хеле судманд аст.

пешина
аз 625
навбатӣ