Равзанаи адаб

Аз ин ҷост, ки Султон Алӣ рафтору муомилаи хубу шоистаро бо дигарон барои ҳар котиб зарур мешуморад. Ў ҳам мисли Саъдӣ дилозориро аз хислатҳои зишт дониста, даст кашиданро аз он талқин месозад:
В-он чӣ бо худ раво намедорӣ,
Ҳеҷ касро бад-он наозорӣ.
Дил маёзор гуфтамат зинҳор,
К-аз дилозор Ҳақ бувад безор.
Султон Алӣ қаноатмандиву поксириштиро аз хислатҳои ҳамидаи котибон мешуморад ва риояти инҳоро ба котибони ҷавон талқин месозад:
Дар вуҷуди кас қаноату тоат
Бе таҳорат мабош як соат.
Дурўғгўиву ғайбат, тўҳмату бўҳтон барин хислатҳои бади инсонӣ барои котибон низ зарарнок аст ва бояд онҳо аз ин хислатҳои ношоям дурӣ ҷўянд:
Ҳама вақт иҷтиноб воҷиб дон
Аз дурўғу зи ғайбату бўҳтон.
Ҳасад аз хислатҳои бади инсонист, ки мутаассифона, дар ҳамаи давру замонҳо, махсусан, дар байни ҳунармандон ривоҷ дошта, боиси на танҳо ранҷу озоби аҳли ҳунар шудааст, балки сабабгори ҳалокати иддае аз онҳо ҳам гаштааст. Аз ин ҷост, ки Султон Алӣ ба котибони ҷавон дурӣ ҷустанро аз ҳасаду ҳосидон таъкид менамояд:
Аз ҳасад дур бошу аҳли ҳасад,
К-аз ҳасад сад бало расад ба ҷасад.
Макру фиреб зоҳиран барои зуд ба ҳадаф расидан мадад мерасонад, вале ин хислати зишт оқибат фош гардида, боиси бадномии шахс хоҳад шуд. Зеро ин хислат аз нопокии ботинӣ маншаъ мегирад, ки бахусус барои ҳунарманд норавост. Бинобар ин Султон Алӣ таъкид мекунад, ки котиби ҷавон набояд ба макру фиреб машғул шавад ва дар паи пок кардани ботини худ бошад:
Ҳилаву макрро шиор макун, Сифати нохуш ихтиёр макун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор