Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мирзоев, И.М.
Оранский, А.Ҳабибӣ, А. Қавим, Г.И.Козлов, А.Л.Хромов,М Қосимова,А. Турсунов, Ғ. Ашўров, Х. Додхудоев, Д. Саймиддинов, С. Назарзода, Мирзо Ҳасани Султон ва дигарон изҳори назар кардаанд.
Пайдоиши забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ, яъне форсии нав ва заминаҳои шаклгириву рушди он аз зумраи масъалаҳои баҳснок аст, ки ҳалли он барои равшан намудани омилҳои мондагории мардум ва худи забон низ мадад мерасонад.
Дар ин мавзўъ дар ибтидои қарни XX баҳсҳои зиёде сурат гирифта буд. Шоир ва донишманди маъруфи Эрон Маликушшуаро Баҳор бо далелҳои қотеъ андешаи аз қисмати ҷанубу ғарбии Эрон ба Хуросону Мовароуннаҳр омадани забони порсии дариро рад намуда, маҳз дар қисмати шарқии Эронзамин падид омадани онро ба субут расонда буд. Ин андеша мавриди таъйиди устод С.Айнӣ, Е.Э.Бертелс, Б.Ғафуров, Забеҳулло Сафо, А.Н.Болдирев, А.Мирзоев ва дигарон қарор гирифт. А.Мирзоев мулоҳизоти дар ин мавзўъ баёншударо ҷамъбаст намуда, навишта буд, ки «забони дарии порсӣ-тоҷикӣ на ин ки дар вақти истилои ҳукмронони араб аз қисмати ҷануби ғарбии Эрон-вилояти Форс ба Хуросон ва Мовароуннаҳр оварда нашудааст, балки вай забони аҳолии маҳаллии мардуми эронинажоди ҳамин сарзамин будааст». Андешаи мазкур минбаъд дар асарҳои донишмандони тоҷику эронӣ бо далелҳои тоза тақвият пайдо кард. Вале вақтҳои охир баъзе донишмандон амсоли Ричард Нилсон Фрай, Жилбер Лазар боз ҳамон андешаи радшударо бидуни далели тозаву қотеъ такрор менамоянд. Аз ҷумла эроншиноси маъруфи фаронсавӣ Жилбер Лазар дар суханроние, ки соли 1990 дар кунгураи «Ҳазораи тадвини «Шоҳнома» дар Теҳрон эрод намуд, аз нав андешаи тавассути асироне, ки арабҳо пас аз истилои вилояти Форс ҳамроҳи худ ба Хуросону Мовароуннаҳр овардаанд, интиқол ёфтани забони порсии дариро иброз дошт. Ў ин фарзияро соли 1993 дар суханрониаш дар анҷумани устодони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико дар мавзўи «Решаҳои забони форсии адабӣ»
идома дод, ки тарҷумаи форсии он дар маҷаллаи «Эроннома» ба табъ расид.
Жилбер Лазар кулли таҳқиқоти эроншиносонро дар ин замина нодида гирифта, пайдоиши забони порсии дариро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба истилои арабҳо марбут медонад: «Пас аз пирўзии аъроб дар Эрон форсии гуфторӣ ҳамчунон ба сўи Ховар пеш рафт ва ба василаи сипоҳиёну бозаргонон ба Мовароуннаҳр ва Афғонистони кунунӣ расид». Ба ин тартиб ў ба

пешина
аз 625
навбатӣ