Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

натиҷае мерасад, ки «форсӣ гўйиши маҳаллии ҷанубитарин ноҳияи Эрон буд, ки ба унвони як забони муколама ба тадриҷ аз ҷануб ба шимол ва ховари Эрон густариш ёфт ва он гоҳ дар шимоли ховарии Эрон ба забони адабии он ноҳия табдил гардид ва аз он ҷо ба бохтару ҷануби Эрон рафт ва саранҷом дар бахше бузург аз Осиё реша давонд».
Дар асоси ҳамин андешаҳои беасос аст, ки Р. Абдуллоев барин олимони аз илм дур аҷдоди тоҷиконро арабу форсҳое медонанд, ки дар асри У111 бо истилои арабҳо ба Осиёи Миёна омадаанд.
Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки бебунёдии ин андешаҳоро ба субут расонда, аз вуҷуд доштани забони порсии дарӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр то истилои арабҳо гувоҳӣ медиҳанд. Дар мақолаи Мирзо Ҳасани Султон аз сарчашмаҳои гуногун далелҳои зиёде оварда шудаанд, ки ин ҷо бо зикри ду далел қаноат мешавад.
Далели аввал суруди машҳури «Аз Хуталон омадия» мебошад, ки тавассути «Таърихи Табарӣ» то ба имрўз расидааст. Ҳангоме ки сарлашкари араб Асад ибни Абдулло дар Хатлон шикаст хўрда, ба Балх меояд, мардум ин суруди ҳаҷвомезро месароянд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рўй табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Бедил фароз омадия.
Аз ин бармеояд, ки то омадани арабҳо ба ин сарзамин мардум бо забони порсии дарӣ ҳарф мезаданд.
Далели дуюм маълумоти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ роҷеъ ба ҷорӣ шудани ислом ва забони арабӣ дар ин сарзамин аст. Тавре ки Наршахӣ хабар медиҳад, мардуми Бухоро арабҳоро водор менамоянд, ки оятҳои Қуръон маҳз ба забони порсии дарӣ тарҷума шавад, ки забони гуфтории онҳо будааст.
Ин ду далел ва мисолҳои фаровони дигар собит менамоянд, ки забони порсии дарӣ то истилои арабҳо дар радифи забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, ориёӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар шакли гуфторӣ вуҷуд доштааст.
Ба назар нагирифтани ин воқеияти таърихӣ боиси пайдо шудани муаммоҳо барои Жилбер Лазар гаштааст. Аз ҷумла барои ў «муаммои» нахустро Ибни Муқаффаъ, донишманди номдори эронӣ, ки поягузори насри арабӣ ва мутарҷими «Калима ва Димна» аз форси миёна ба арабӣ буд, матраҳ кардааст». Жилбер Лазар иттилои Ибни Муқаффаъро дар бораи панҷ забоне, ки дар поёни даврони Сосониён вуҷуд доштанд, яъне забонҳои паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва сурёнӣ зикр намуда, тааҷҷуб мекунад, ки чаро «Ибни Муқаффаъ ба талвеҳ мегўяд, ки дар миёни забонҳои Хуросон балхӣ беҳтарин гўйиши дарӣ аст». Ва ин ҳақиқатро ў муаммо медонад ва аз осори қарнҳои IX-XI мелодӣ амсоли тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Қобуснома»-и Кайковус мисолҳо меорад, ки дар ҳамаи онҳо ибораи форсии дарӣ ё порсии дарӣ истифода шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ