Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ХХ фаро мегирад. Е.Э. Бертелс қабл аз ҳама аз таърихи таҳқиқи Рўдакӣ сухан оғоз намуда, осори Ҳ. Эте, Ризоқулихони Ҳидоят, Денисон Росс, Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Деҳотиро арзёбӣ мекунад. Ў махсусан, ба бозёфтҳои илмии С.Айнӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла муайян кардани зодгоҳи Р. ва нисбаи ўро дастоварди муҳим дар рўдакишиносӣ медонад. Ў ҳамчунин ба норасоии рисолаи С.Айнӣ ва А.Деҳотӣ «Устод Рўдакӣ» ишора менамояд, ки ин кўри модарзод номида шудани шоир аст. Дар зимни баёни тарҷумаи ҳоли шоир ин масъаларо ба таври амиқ баррасӣ намуда, Е.Э. Бертелс бо зикри мисолҳои зиёд аз осори худи шоир кўри модарзод будани ўро рад мекунад ва андешаи дар охири умр кўр карда шуданашро тарафдорӣ менамояд.
Е.Э. Бертелс маълумоти дар бораи Рўдакӣ додаи Низомии Арўзии Самарқандиро нақл намуда, аз чӣ сабаб бошад, ки онро латифа (анекдот)меномад, вале ваҷҳи нобоварии худро баён намекунад. Ў дар ин маврид низ мисли мақолаҳои пешинаш ба масъалаи рубоӣ сурудани Рўдакӣ бо шубҳа менигарад. Дар ҳоле ки дар маҷмўаи осори боқимондаи шоир, тавре ки зикр шуд, тақрибан 40 рубоӣ мавҷуд буда, ба рубоӣ сурудани ў дар сарчашмаҳо низ ишораҳо мавҷуданд.
Ба масъалаи баҳсангези миқдори ашъори шоир дахл намуда, Е.Э. Бертелс байтҳои машҳури Рашидии Самарқандиро мавриди таҳлил қарор медиҳад ва як миллиону сесад ҳазорро рақами муболиғавӣ дониста, дар пайравии А. Иқбол беш аз сад ҳазор байт будани матлаби Рашидиро таъйид менамояд. Сипас ба теъдоди ками осори боқимондаи Рўдакӣ, ки С.Нафисӣ ҷамъоварӣ намудааст, ишора карда, пораҳои муҳимтарин асарҳои ўро аз қабили «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома», қасидаи «Модари май» мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ў ҳамчунин ба шаш маснавии Рўдакӣ, ки дар баҳрҳои гуногун назм шудаанд, ишора менамояд.
Е.Э. Бертелс бо баррасии қасидаи «Модари май» маҳорати баланди суханварии Рўдакиро нишон дода, қасидаи мазкурро дар назми Шарқи Наздик ва Миёна беназир медонад.
Е.Э. Бертелс аз таҳлили чанд пораи боқимондаи осори шоир ба натиҷае мерасад, ки «Рўдакӣ бидуни ҳеҷ шакку шубҳа устоди хеле барҷастаи сухан буд, ки рушди ҳамаи шеъри Осиёи Миёна ва Эронро ба муддати тўлонӣ муайян намуд» 10.
Фасли «Рўдакӣ»-и китоби «Таърихи адабиёти форс-тоҷик»
ҷанбаҳои зиёди аҳволу осори шоирро равшан намуда, саҳми барҷастае дар рўдакишиносӣ мебошад.

пешина
аз 625
навбатӣ