Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бертелс «Адабиёт ба забони форсӣ дар Осиёи Миёна» (1948) пеш аз ҳама мафҳумҳои Осиёи Миёна, адабиёти форсӣ шарҳ дода шуда, саҳми ин сарзамин дар пешбурди адабиёту фарҳанг таъкид мегардад. Муаллиф таъйид менамояд, ки бунёди адабиёт ба забони форсӣ маҳз дар Осиёи Миёна гузошта шудааст. Ташаккули забони адабии форсӣ, эҷоди навъҳои асосии адабиёт дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд сурат гирифтааст, ки инро муҳаққиқ натиҷаи таваҷҷўҳи зиёди давлати Сомониён ба адабиёту фарҳанг медонад. Инро муҳаққиқ дар мисоли Рўдакӣ, ки дар дарбори Сомониён мақоми хеле баланд дошт ва сухани ў ба дарбориён асар мекард, нишон дода, таъкид менамояд, ки «дар байни шоирони бухороии он давра ҷои аввалро Рўдакии бузург ишғол менамуд». Сипас гуфтаҳои Рашидии Самарқандӣ, Низомии Арўзии Самарқандӣ, Маъруфии Балхӣ дар бораи бузургии Рўдакӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Ҳамчунин ба хидмати шоистаи устод Рўдакӣ дар ташаккули қасида, маснавии ахлоқӣ ишора мешавад. Дастовардҳои муҳимми адабиёти форсу тоҷикро дар асрҳои баъд зикр намуда, Е.Э.
Бертелс ба чунин хулоса меояд: «Ҳамин тавр, мо мебинем, ки шеъри дарбории асрҳои Х11 – Х111 Осиёи Миёна ривоҷи хоси асосҳое мебошад, ки Р. гузоштааст». То солҳои 50-уми асри ХХ чор мунозираи Асадии Тўсӣ дар таҳияи Ҳ. Эте маълум буд. Мунозираи панҷум ба сабаби аз ниҳоди бадеият суст будан чоп нашуда буд ва нусхаи ягонаи он дар Китобхонаи Бодлеан маҳфуз мебошад. Е.Э. Бертелс бо талошҳои зиёд он нусхаро пайдо намуда, ба чоп омода месозад ва бо тарҷумаи таҳтуллафзии русӣ ва тавзеҳоти муфассал ба табъ мерасонад. Дар байти 33 қасида Асадӣ ба миқдори ашъори Рўдакӣ ишора кардааст6(Шоир чу гузин ҷуз ин Рўдакӣ он, к-аш \Бувад абёт, беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дару девон). Мутаассифона, ба он ишораи муҳим Е.Э. Бертелс дар мақолаи «Мунозараи панҷуми Асадии Тўсӣ» эътибор надодааст. Ба ин ишора донишманди эронӣ Алиашрафи Содиқӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар мақолаи «Ашъори тозаи Рўдакӣ» (маҷ. «Нашри дониш», 1372/1993, № 3) мавриди истифода қарор додааст. Вале дар мақола маъхази байти мазкур нишон дода нашудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Алиашрафи Содиқӣ байти мазкурро аз матни чопкардаи Е.Э.
Бертелс нақл карда бошад.
Ҷустуҷўҳои илмии Е.Э. Бертелс перомуни рўзгору осори Рўдакӣ дар муҳимтарин асари тадқиқотии ў «Таърихи адабиёти форс-тоҷик», ки нотамом мондааст, ҷамъбаст гардидаанд. Дар таркиби ин асар, ки дарвоқеъ «қуллаи баланди фаъолияти илмии» Е.Э. Бертелс аст, фасли «Рўдакӣ» рисолаи ҷудогонаро мемонад, ки дастовардҳои рўдакишиносии оламро то солҳои 50-уми а.

пешина
аз 625
навбатӣ