Равзанаи адаб

Ў муҳаққиқи барҷастаи таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи забони форсӣ, фолклори тоҷик ба шумор меравад. Ў дар бораи аҳволу осори нависандаи маъруфи тоҷики асри ХУ1 Зайниддин Маҳмуди Восифӣ таҳқиқот анҷом дода1, матни илмиву интиқодии «Бадоеъулвақоеъ»-и ўро дар Маскав (с. 1961) ва Теҳрон (1971) ба табъ расондааст. Дар асарҳои илмии А.Н. Болдирев робитаҳои адабии Низомиву Хоқонӣ, арзишҳои адабиву таърихии сарчашмаи муҳимми асри ХУ1 «Тазкираи Ҳасани Нисорӣ», аҳволу осори Дарвеши Деҳакӣ, даврабандии адабиёти Шарқ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
А.Н. Болдирев дар остонаи ҷашни 1100-солагии устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ба аҳволу осори ў таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар асоси як рубоии шоир, ки дар муқаддимаи доиратулмаорифи табиӣ-таърихии Шоҳмардон ибни Абулхайр «Нузҳатномаи Алоӣ»
зикр шудааст, соли таълифи ин асарро муайян мекунад. Ин бозёфти худро ў дар мақолаи «Муайян намудани таърихи таълифи «Нузҳатномаи Алоӣ» аз рўи як рубоии Рўдакӣ» ба қалам медиҳад ва ин мақола дар маҷмўаи мақолаҳои «Рўдакӣ ва замони ў» ба табъ мерасад. Яке аз масъалаҳои мубоҳисавии аҳволи Рўдакӣ ба ҷараёни мазҳабии қарматия гаравидани ў мебошад, ки дар ин бора ҳам дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳам дар осори муҳаққиқон андешаҳои мухталиф баён шудаанд. А. Н. Болдирев низ ба ин масъала таваҷҷўҳ намуда, бо мақолаи «Оё Рўдакӣ исмоилӣ буд?» ба ин баҳс ҳамроҳ мешавад. Дар мақолаи мазкур ў бо далелҳои мўътамад андешаи исмоилӣ ё қарматӣ будани Рўдакиро рад менамояд. Аз ҷумла ў андешаҳои яке аз намояндагони маъруфи ҷараёни исмоилияи асрҳои Х – Х1 Муҳаммад ибни Сурхи Нишопуриро роҷеъ ба Рўдакӣ ва муосиронаш Шаҳиди Балхӣ ва Абўтайиби Мусъабӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба натиҷае мерасад, ки «суханони Муҳаммад ибни Сурх ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки исмоилиҳо Рўдакиро ҳамақидаи худ намедонистанд».
Тавре ки зикр шуд, А. Н. Болдирев бештари умри худро ба тадриси донишҷўён ихтисос додааст. Ў солҳои тўлонӣ дар Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) аз таърихи адабиёти форсу тоҷик дарс гуфтааст. Матни суханрониҳои ў ва ҳамкоронаш таҳти унвони «Таърихи мухтасари адабиёти Эрон, Афғонистон ва Туркия» с. 1971 ба табъ мерасад. Боби «Адабиёти форсӣ аз асри VII то ибтидои асри XIX», ки ба қалами А.Н. Болдирев тааллуқ дорад, бо фаслҳои «Давраи барқароршавии жанрҳои классикӣ (а. VIII-нимаи а. IX)» ва «Аввалин шоирони форсигўй» шурўъ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор