Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар фасли «Доираи адабиёти Осиёи Миёнаву Хуросон» (асри Х) таъкид мешавад, ки дар даҳсолаи аввали асри Х барои рушди адабиёт шароити хуб муҳайё гардид, дар Бухоро мактаби адабӣ ба вуҷуд омад. Фасли ҷудогонаи асар ба Рўдакӣ бахшида шудааст.
Аз чӣ сабаб бошад, ки санаи таваллуди шоир соли 860 нишон дода шудааст. А.Н. Болдирев таъкид менамояд, ки аз осори ғании Рўдакӣ танҳо 1 дар сад боқӣ мондааст, ки аз қасида, ғазал, маснавӣ ва рубоиҳо иборат аст. Роҷеъ ба мавзўоти осори боқимондаи шоир таваққуф намуда, А.Н. Болдирев таъйид месозад, ки дар баробари мадҳ шоир ба масъалаҳои озодихоҳонаи фалсафӣ, инсондўстӣ, ҳикмат, хираду некӣ таваҷҷўҳ зоҳир намудааст. Дар ин боб ҳамчунин роҷеъ ба шоирони ҳамасри Рўдакӣ маълумоти мухтасар дода шудааст.
Дар мақолаи «Рўдакӣ», ки дар «Энсиклопедияи мухтасари адабӣ» (КЛЭ) чоп шудааст, А.Н. Болдирев тарҷумаи ҳоли мухтасари шоирро зикр намуда, ба муҳимтарин ҷанбаҳои мазмун ва сабки осори боқимондаи ў ишора кардааст. Дар ин мақола низ соли таваллуди Рўдакӣ санаи 860 нишон дода шудааст. Дар бораи миқдори осори Рўдакӣ таваққуф намуда А.Н. Болдирев 1300 ҳаз. байт шеър гуфтани ўро «аз ҳақиқат дур»
донистааст.
Ҳамин тавр А. Н. Болдирев дар таҳқиқи аҳволу осори Рўдакӣ ва тарғиби ашъори шоир корҳои пурарзишро анҷом додааст.

пешина
аз 625
навбатӣ