Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз ҳама ў таъкид менамояд, ки қасидаи
мазкур дар қаламрави забони форсӣ шўҳрати зиёд дорад, ки
сабаби он «тарз ва услуби баён, мазмуни ватандўстона ва
ташвиқи муҳаббати ватан, ки ба як шакли рўпўшона дар ин шеър
дарҷ гардидааст», мебошад. Сипас шўҳрати зиёди қасидаи мазкур
дар Покистон дар асрҳои охир таъкид гардида, шеърҳои дар
пайравии «Бўи ҷўи Мўлиён» сурудаи шоирони покистонии асри
ХУ11 ва нимаи авали асри Х1Х Мирғуломалии Моилӣ (1768 –
1836), Саид Обидшоҳи Таъсир (1898 – 1949), Зафаралихони
Зафартахаллус (1870 – 1956), Саидансории Ништари Лоҳурӣ (1894
– 1956) мавриди таҳлил қарор мегиранд. Муаллиф ба натиҷае
мерасад, ки «Бўи ҷўи Мўлиён» на ин ки то ба ин рўз аҳамият ва
арзиши худро аз даст намедиҳад, балки дар он давраи муайяни
таърихии Покистон, ки дар пеши аҳли сухан талабҳои ҷиддии аз
ҳам фарқкунандаи зиндагӣ меистоданд, таъсири гуногун расонида,
дар се навъи шеър – қасида, қитъа ва ғазал тазмин гардидааст».
А. Мирзоев илова бар ҷустуҷўйҳои илмӣ оид ба аҳволу
осори Рўдакӣ муаллифони дигарро низ ба таҳқиқи осори шоир
ташвиқ ва роҳнамоӣ менамуд. Аз ҷумла, тавре ки А. Афсаҳзод
менависад, «бо ташаббуси ў (А. Мирзоев – М.М.) соли 1970
Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон зарурати боз ҳам амиқ ва
ҳаматарафа омўхтани ҳаёт, эҷодиёти Рўдакӣ ва таъсири эҷодиёти ў
ба давраҳои минбаъдаро ба назар гирифта, конференсияи илмии
ҳарсолаи «Солонаи Рўдакӣ»-ро ташкил намуд, ки он дар зиндагии

А. Мирзоев шаш бор баргузор гардид» А. Мирзоев дар ҳар конференсияи ин солона оид ба паҳлўҳои гуногуни аҳволу осори Рўдакӣ ва муосиронаш суханрониҳои илмӣ эрод намудааст. Яке аз суханрониҳои илмии ў «Тарғиби илму дониш дар назми асри Х ва муносибати он ба ҳаёти илмиии замон» буд, ки соли 1973 дар шакли мақолаи илмӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1973, №7 ) ба табъ расид. Дар мақолаи «Тарғиби илму дониш дар назми асри Х» ашъори оид ба илму дониш бахшидаи Рўдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абулҳайсами Гургонӣ, Абўшакури Балхӣ ва Майсарӣ маврида баррасӣ қарор мегирад ва таъкид мегардад, ки дар он даврон ба ин масъала дарвоқеъ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамуданд.
Дар конференсияҳои илмии солонаи мазкур А. Мирзоев инчунин дар мавзўъҳои «Обзори адабиёте, ки доир ба асосгузори назми тоҷику форс Абўабдулло Рўдакӣ пас аз ҷашни 1100 – солагии шоир нашр гардидааст», «Боз дар атрофии як қасидаи Рўдакӣ», «Боз дар атрофии мақоми таърихии Абўабдулло Рўдак ӣ», «Рўдакӣ – асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик» ва амсоли инҳо суханронӣ кардааст, ки дар ин бора дар «Барномаи

пешина
аз 625
навбатӣ