Равзанаи адаб

Муаллиф дар асоси номи мамдўҳ, ки дар 26 қасидаи мазкур омадааст ва сабки баён ба хулосае меояд, ки ашъори мазкур ба Қатрони Табрезӣ тааллуқ дорад.
А. Мирзоев ашъори ба Рўдакӣ нисбат додаи маҷмуаро бо абёти дар Душанбе ва Теҳрон чоп шуда ва мақолаҳои Денисон Росс ва Саид Нафисӣ ва девони Қатрон муқоиса намуда, тафовути онҳоро нишон медиҳад. Дар мақола ҳамчунин ба сабабҳои рух додани ин воқеа ишора мегардад, ки он ҳамном будани мамдўҳони Рўдакӣ ва Қатрон мебошад. Ин мақола, ки барои шинохти ашъори аслии Рўдакӣ хеле судманд аст, дар маҷаллаи «Эроншиносӣ»-и Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон (1350\1971, № 3) ва дар маҷмуаи мақолаҳои «Сездаҳ мақола» (Душанбе, 1977) айнан ба табъ расидааст.
Қасидаи «Модари май» аз машҳуртарин асарҳои Рўдакӣ буда, аз замони шоир то имрўз таваҷҷўҳи шоирону донишмандонро ба худ ҷалб менамояд. А. Мирзоев низ ба ин қасида ҳамеша таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» таҳти унвони «Бўи ҷўи Мўлиён ва таъсири он» бо муқаддимаи хеле кўтоҳ намунаи ашъори дар пайравии қасидаи мазкур навиштаи шоирони гузаштаро ба табъ мерасонад. Дар ҳамон шумораи маҷалла мақолаи А. Мирзоев «Ду фикри ғалат роҷеъ ба як қасидаи машҳур» низ нашр мегардад, ки ба қасидаи мазкур бахшида шудааст. Дар мақола оид ба масъалаи вақти суруда шудани қасидаи «Бўи ҷўи Мўлиён» баҳс меравад. Зеро донишмандони эронӣ Бадеуззамон Фурўзонфар ва Муҳаммад Муин саъй намудаанд, ки маълумоти Низомии Арўзии Самарқандиро дар бораи дар Ҳирот суруда шудани қасидаи мазкур рад созанд. А. Мирзоев бо далелҳои қотеъ нодурустии андешаи ононро ба субут расонда, таъкид менамояд, ки «маълумоти ин сарчашма(«Чаҳор мақола»- М.М.) дар бораи сабаб, вақт ва маҳалли суруда шудани қасидаи «Бўи ҷўи Мўлиён»
аҳамияти аввалаи худро ба тамоми маънӣ нигоҳ дошта меояд».
Ин мақола бори аввал дар шакли мухтасар таҳти унвони «Боз дар атрофи як қасидаи Рўдакӣ» дар рўзномаи «Маориф ва маданият»(18.Х1. 1971) чоп шуда буд. Баъдтар мақола бо унвони «Дар атрофи як қасидаи Рўдакӣ» дар маҷмуаи мақолаҳои «Сездаҳ мақола» ба табъ мерасад.
А. Мирзоев ҷамъоварии маводро дар масъалаи шўҳрати қасидаи «Бўи ҷўи Мўлиён» давом дода, дар маҷаллаи «Садои Шарқ»
мақолаи «Захмаи чанги Рўдакӣ дар Покистон»-ро нашр намуд, ки он ба таъсири қасидаи мазкур ба осори шоирони Покистон бахшида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор