Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– S. 494 –

21 Ҳодизода Р. Аз Рўдакӣ то «Рўзи Рўдакӣ»,маҷ.
«Рўдакӣ», 2006, № 8 – 9, с. 212.

РЎДАКИШИНОСИ МУМТОЗ

Шарқшиноси шинохтаи рус Иосиф Самуилович Брагинский (18.06.1905, Киев-1989. Москва) аз муҳақкқикони барҷастаи таърихи адабиёти форсу тоҷик аз замонҳои қадим то поёни асри ХХ мебошад. Ў солҳои 1933-1940 дар Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1952 то охири умр корманди илмии Институти шарқшиносии АИ Русия буд. Рўдакишиносӣ аз муҳимтарин соҳаҳои фаъолияти илмии Б. ба шумор меравад. Аз ибтидои солҳои 40 асри ХХ устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ таваҷҷўҳи ўро ҷалб намуд. Дар мақолаҳои илмиву оммавиаш, ки ба адабиёти классикии форсу тоҷик оид аст, бузургиву шўҳрати Рўдакӣ таъкид гардидааст («Ҳазор соли адабиёти точик», «Правда», 21.04.1941, «Адабиёти тоҷик» дар МСЭ, БСЭ).
Дар муқаддимаи ба баёзи адабиёти тоҷик1 ва маҷмўаҳои ашъори Рўдакӣ навиштааш И.С. Брагинский хонандагони русзабонро бо аҳволу осор ва андешаву афкори шоир шинос мекунад2.
Дар тадқиқоти бунёдии И.С. Брагинский «Аз таърихи назми халқии тоҷик» зимни баррасии унсурҳои эҷодиёти бадеии мардум дар осори хаттии қадим ва асрҳои миёна масъалаи халқияти ашъори Рўдакӣ ва муосиронаш дар фасли ҷудогона мавриди баҳс қарор гирифтааст. И.С. Брагинский робитаи зичи шоирро бо зодгоҳаш – деҳаи дурафтодаи Панҷрўд ва мардуми он таъкид намуда, баёнгари орзуву омоли халқи заҳматкаш будани ашъори ўро нишон медиҳад. Ҳамчун намунаи барҷастаи ашъори соддаву равон ва саршори оҳангҳои халқи шеъри «Бўи Ҷўйи Мўлиён»
таҳлил шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ