Равзанаи адаб

Истифодаи фаровони зарбулмасалу мақолҳо, чистонҳо, образҳои фолклорӣ ва амсоли инҳоро И.С. Брагинский дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ аз таъсири пурфайзи эҷодиёти шифоҳии халқ медонад. «Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик»
мақолаҳои И.С. Брагинский ро роҷеъ ба масъалаҳои фолклор, адабиёти классикӣ ва адабиёти шўравии тоҷик дар бар мегирад. Аз ҷумла дар мақолаи «Рўдакӣ ва муҳити ў» аҳволу осори Рўдакӣ, мавзўъҳои асосии эҷодиёти ў ва саҳми шоир дар ташаккулу такомули навъҳои шеър ва андешаҳои баланди башардўстиаш мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар остонаи ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ рисолаи А.Мирзоев «Рўдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои10-15» ба табъ расид, ки дар он андешаи дар асри Х ҳолиё ташаккул наёфтани ғазал баён гардида буд. И.С. Брагинский дар мақолаи «Дар бораи пайдоиши ғазал дар адабиёти тоҷик ва форс» ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, қабл аз ҳама роҷеъ ба сайри ғазал дар адабиёти араб тавақкқуф менамояд. Сипас дар бораи мафҳуми ғазал дар асри Х, истифодаи он дар ашъори Рўдакӣ ва шоирони асрҳои Х-ХІ сухан ронда, И.С. Брагинский бар хилофи А. Мирзоев ба натиҷае мерасад, ки ғазал дар асрҳои ІХ-Х ҳамчун «жанри хоси ашъори ғиноии ишқӣ» вуҷуд дошт. Соли 1964 дар нашриёти «Наука»-и ш. Маскав китоби «Ашъор»-и Рўдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ (бо ҳуруфи ниёгон) ва русӣ ба табъ расид, ки мураттиби он Д. Комиссаров ва муҳарриру муаллифи тавзеҳоташ И.С. Брагинский мебошанд. Китоб дорои ду тавзеҳоти муфассал мебошад, ки яке ба масъалаи матншиносӣ ва дигаре бо маҳорати шоирии Рўдакӣ тахсис ёфтааст. Дар тавзеҳоти матншиносӣ И.С. Брагинский ба нуқсонхои зиёде, ки дар навишти ашъори боқимондаи Рўдакӣ роҳ дода шудааст, ишора намуда, чанде аз онҳоро ислоҳ кардааст.
Тавзеҳоти шеършиносии маҷмўа, ки «Дар бораи маҳорати Рўдакӣ» унвон дорад, дар воқеъ як рисолаи мукаммал буда, асрори зебоиву малоҳати ашъори шоирро ошкор менамояд. Муаллиф пеш аз хама сабки «саҳли мумтанеъ»-и Рўдакиро мавриди тадқиқ қарор дода, хусусиятҳои онро нишон медиҳад. Сипас абёти пароканда ва ашъори дигари шоир ба таври амиқ таҳлили ҷомеи сабкшиносӣ мешаванд.6.
Тавзеҳоти мазкур аз ҷумлаи беҳтарин тадқиқот дар шинохти ҳунари шоирии Рўдакӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки он ҳамчун рисолаи илмӣ дар маҷмўаҳои мақолоти илмии «Аз таърихи адабиёти тоҷик ва форс», «Абў Абдуллоҳ Ҷаъфар Рўдакӣ», «Сомониён: даврон ва маншаи фарҳанг» чоп шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор