Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саҳми М. Усмонов дар тарғибу ташвиқи адабиёти тоҷику форс низ калон аст. Ў махсусан дар тарҷумаи дурдонаҳои насри классикии тоҷику форс корҳои зиёде анҷом додааст. Дар тарҷумаи русии "Синдбоднома"-и Заҳирии Самарқандӣ, "Баҳори дониш"-и Иноятуллоҳи Канбу, "Бахтиёрнома"-и Дақоиқӣ М. Усмонов сайъ намудааст, ки на танҳо мазмуну мундариҷаи асарҳоро пурра баргардонад, балки ба он низ муваффақ шудааст, ки таровату латофати сабки онҳоро низ нигоҳ дорад.
Аз ҷумла дар тарҷумаи русии "Бахтиёрнома" дар бисёр мавридҳо ҳатто санъати саҷъ истифода шудааст. М. Усмонов донандаи хуби забон ва адабиёти араб буда, аз ин забон низ як қатор асарҳо ба русӣ гардонидааст. Солҳои охир ў дар исломшиносӣ ҳам иқдоми шоиста мегузорад ва тарҷумаи илмии "Қуръон"-ро ба забони русӣ, ки кори ниҳоят душвор аст, ба анҷом мерасонад.
Доманаи фаъолияти илмиву эҷодии профессор М. Усмонов хеле васеъ буда, дар ҳаҷми як мақола аз назар гузаронидани он аз имкон берун аст. Ў дар тартиб додани фарҳангҳо аз қабили фарҳанги дуҷилдаи форсӣ ба русӣ, тарҷумаи таҳтуллафзи рубоиёти оламгири Хайём, маснавиҳои ҷудогонаи Низомии Ганҷавӣ ва тарҷумаи русии як қатор асарҳои тадқиқотии донишмандони тоҷик ширкат варзидааст.
М. Усмонов пайваста дар ҷамъомадҳои калони илмии умумииттифоқиву байналхалқӣ иштирок намуда, бо маърўзаҳои пурбаҳои илмӣ баромад мекунад. Аз ҷумла ў дар конгресси 26-и байналхалқии шарқшиносон / Деҳлӣ, соли 1964/, конгресси эроншиносон / Теҳрон, соли 1971/ ва симпозиуму конференсияҳои дигари байналмиллалӣ иштирок намудааст.
Хидмати М. Усмонов дар тарбияву роҳнамоии адабиётшиносони ҷавони тоҷик низ шоистаи таҳсин аст. Бо сарвариву мадади ў як гурўҳ олимони ҷавони тоҷик рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуда, дар пешрафти илму маданияти кишварамон ҳисса мегузоранд.
Устод Муҳаммаднурӣ Усмонов Дар авҷи камолоти эҷодӣ буда, бо ҷасорати ғайратмандии беҳамтои ба худ хос дар тадқиқи паҳлўҳои нав ба нави таърихи адабиёти тоҷику форс пурсамарона меҳнат мекунад ва дар пешрафти шарқшиносии шўравӣ саҳми босазо мегузорад.
1984

Носирҷон-Маъсумӣ – адабиётшиноси варзида

Устод Носирҷон Маъсумӣ аз зумраи он адибону
донишмандони ангуштшумори асри ХХ аст, ки дар
пешрафти соҳаҳои гуногуни илм, адабиёт ва фарҳанги
тоҷик саҳми шоиста гузоштанд. Хидмати Н.Маъсумӣ,
махсусан, дар рушду такомули адабиётшиносӣ ниҳоят бузург аст.

пешина
аз 625
навбатӣ