Равзанаи адаб

Фазилати дигари рисолаи мазкур ва умуман навиштаҳои М.
Усмонов дар навпардозии ў ва истифодаи тарзҳои навтарини тадқиқи илмӣ зоҳир мегардад. Дар шарқшиносии шўравӣ М. Усмонов яке аз аввалин муҳаққиқон аст, ки аз усулҳои навтарини тадқиқи адабиётшиносӣ монанди тадқиқи структураливу статистикӣ бомувафаққият истифода бурдаанд. Зимнан бояд гуфт, ки солҳои 60 дар давраи авҷи усулҳои мазкур баъзе адабиётшиносон ба ифроту тафрит роҳ дода, усулҳои статистикиву структуралиро методҳои асосии тадқиқотӣ меҳисобиданд ва шаклпарастиро, ки солҳои 20 дар адабиётшиносии шўравӣ ҷой дошт, аз нав ривоҷ доданӣ мешуданд.
Қобили қайд аст, ки М. Усмонов ҳадди эътидолро риоя намуда, доира ва ҳудуди истифодаи усулҳои мазкурро ба таври амалӣ нишон дод. Рисолаи М. Усмонов собит намуд, ки усулҳои статистикиву структуралӣ ба ҳеҷ ваҷҳ методи анъанавии таърихиву адабиётшиносиро комилан иваз накарда, балки чун ёвари он дар таҳқиқи амиқтару дақиқтари баъзе паҳлўҳои эҷоди бадеӣ, амсоли санъатҳои бадеӣ, забон ва дигар ҷиҳатҳои услубиву шаклӣ мадад мерасонад. Асари дигари М. Усмонов"Фарҳанги басомади Унсурӣ", ки нахустин таҷрибаи эҷоди чунин фарҳангҳост, низ бо истифодаи оқилонаи усулҳои навтарини илмӣ тартиб дода шуда, бори дигар аз навпардозии ў шаҳодат медиҳад. Ин фарҳанг махсусан барои омўхтани таърихи забон далели фаровон медиҳад.
Дар навпардозиҳои илмии М. Усмонов баробари дониши амиқу васеъ ҷуръату ҷасорати эҷодии ў низ нақши муҳиме дорад. Ҳамин ҷасорати калон аст, ки ў солҳои охир чанд кори бузурги дастаҷамъиро ба миён гузошта, ба иҷрои онҳо сарварӣ менамояд. Яке аз ҳамин гуна корҳои муҳим таълифи таърихи бисёрҷилдаи академии адабиёти форсу тоҷик мебошад, ки бо роҳбарии М. Усмонов шурўъ шудааст. Асари мазкур, ки дар таълифи он шарқшиносони Москва, Ленинград, Тбилиси, Боку, Душанбе, Тошкент ва дигар марказҳои эроншиносӣ иштирок менамоянд, дар асоси дастовардҳои навтарини адабиётшиносии шўравӣ эҷод гардида, тадқиқоти ҷомеъ ва муфассали ҷараёни адабиёти тоҷику форс аз давраҳои қадим то замони мо хоҳад шуд.
Кори муҳими дигаре, ки бо ташаббус ва роҳбарии М. Усмонов оғоз ёфтааст, эҷоди "Фарҳанги суханварон / Ономастикон/-и адабиёти форсу тоҷик" мебошад. Соли гузашта дар симпозиуми байналхалқие, ки ба ин муносибат барпо шуд, профессор М. Усмонов бо маърўзаи муфассали илмӣ баромад намуда, зарурату аҳамияти тартиб додани фарҳанги мазкур ва сохту усулҳои тадвини онро баён кард. Ҳоло гурўҳи калони донишмандон дар марказҳои гуногуни олам ба ин кор машғуланд.
М. Усмонов аз зумраи он донишмандонест, ки ҳамеша навҷўиро пеша карда, таваҷҷўҳи худро ба тадққи масъалаҳои мушкил ва камомўхтаи назария ва таърихи адабиёти тоҷику форс равона менамояд.
Мақолаҳои пурарзиши М. Усмонов "Аз таърихи адабиёти халқҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои VIII-IX", "Ҳаёти адабии Эрони ғарбӣ дар асри X ва ибтидои асри XI", "Сохти синтаксисии байт /дар мисоли ғазалиёти Ҳофиз/" ба масъалаҳои умда ва камтадқиқшуда оид буда, бо гузориш ва ҳалли масъала ва таҳлилу санадҳо хеле ҷолибанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор