Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў қабл аз ҳама арзиши адабии ин асарро таҳқиқ намуда, дар он омезиш ёфтани суннатҳои беҳтарини адабиёти классикии тоҷику русро дар мақолаи пурарзиши «Асари барҷастаи реализми сотсиалистӣ» ба субут мерасонад. Сипас ў ба таҳқиқи забону услуби он мепардозад.
Осори Абулқосими Лоҳутӣ ва М.Турсунзода низ ҳамеша диққати Н.Маъсумиро ба худ ҷалб менамуд. Дар мақолаҳои «Устод Лоҳутӣ – сарояндаи ғояҳои инқилобӣ», «Ҷавонӣ ва камолоти мусаввири ҳусну дил» ва «Достони табаддулоти ҳаёт»
хидматҳои барҷастаи ин ду адиби барҷастаи асри ХХ тоҷик нишон дода шудааст.
Мақолаҳои «Муҳаммадҷон Раҳимӣ» ва «Шоири ҷанговар» то имрўз аз беҳтарин асарҳои таҳқиқотӣ оид ба шоирони соҳибсабки асри ХХ тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ мебошанд.
Н.Маъсумӣ дар тадқиқи адабиёти рус ва ба хонандагони тоҷик ошно намудани намояндагони барҷастаи он М.Ю.Лермонтов, В.Г.Белинский, М.Горкий низ саҳми калон гузоштааст.
Устод Н.Маъсумӣ на танҳо адабиёти ғании тоҷику русро хеле хуб медонист, балки аз адабиёти муосири форсизабони Эрону Афғонистон ва кишварҳои гуногуни дунё огоҳӣ дошт. Масалан, дар мақолаи «Оинаи дўстӣ» ў зимни таҳлил аз шоирони зиёди Эрону Афғонистон, Амрикову Италия, Шветсияву Англия, Россияву Ҳолланд, Австралияву кишварҳои дигари Шарқу Ғарб ёд мекунад, ки ин аз чашмандози васеи илмиву адабии ў шаҳодат медиҳад.
Н.Маъсумӣ аз зумраи он донишмандони ангуштшуморе буд, ки масъалаҳои забон ва адабиётро пайваста таҳқиқ мекард.
Албатта, таҳқиқи амиқи масъалаҳои забон зарур аст, вале робитаи он бо ҷанбаҳои адабии асарҳо набояд аз назари муҳаққиқ дур монад. Дар ҳамаи асарҳои забоншиносии Н.Маъсумӣ ишорае ба масъалаҳои адабӣ ва дар асарҳои адабиётшиносии ў зикри масъалаҳои забон ба назар мерасад. Масалан, дар зимни баррасии масъалаҳои тараққиёти забони адабии муосири тоҷик сухан ронда, аз таърихи ташаккули он ёд мекунад ва «асосгузори маъруфи назми классикии тоҷик Рўдакиро мураббӣ ва сардафтари забони адабии тоҷик» медонад.
Дар аксари мақолаву асарҳои тадқиқотии Н.Маъсумӣ пайвастагии зичи масъалаҳои забон ва адабиётро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар мақолаи «Забон ва маҳорати адабӣ» ин пайвастагӣ хеле барҷаста зоҳир шудааст, зеро муаллиф масъалаи истифодаи сарвати забони адабиро таъкид намуда, норасоиҳои забони ашъори шоирони ҷавони тоҷикро бо мисолҳои мушаххас нишон додааст.

пешина
аз 625
навбатӣ