Равзанаи адаб

Ии равиши таҳқиқ бояд барои забоншиносону адабиётшиносони мо, ки, мутаассифона, ба ҷои наздик шудан торафт аз ҳам дур мешаванд, сармашқ гардад.
Дарвоқеъ пайванди равишҳои таҳқиқи адабиётшиносиву забоншиносӣ, баррасии ҷомеи асари бадеӣ ба Н.Маъсумӣ имкон дод, ки бунёди услубшиносии навро дар филологияи тоҷик гузорад.
Сабки нигориши устод Н.Маъсумӣ дар асарҳои илмиаш низ хеле ҷолиб буда, рангину фасеҳ ва муассиранд. Ў баъзан дар услуби илмӣ ҳам аз истифодаи ташбеҳу тавсифҳо ва тасвирҳои шоирона худдорӣ намекунад. Масалан, дар яке аз мақолаҳои илмии худ ў менависад: «Адабиёт оинаи зиндагист. Шоирони мо бо кўмаки хонандагони одилу сахтгири худ кўшиш мекунанд, ки оина ҳамеша мусаффо бошад, ҳаётро, зоҳиру ботини одамро чунон бинамояд, ки ҳаст ва бо ҷилову сайқали хоси худ чунон биёрояд, ки бояд бошад».
Н.Маъсумӣ ҳамчунин дар таълифи китобҳои дарсии адабиёти тоҷик барои мактабҳои оливу миёна, барномаҳову дастурҳои методиву таълимӣ ва тарбияи адабиётшиносон саҳми арзанда гузоштааст. Хидматҳои шоистаи устод Н.Маъсумӣ дар таҳқиқу баррасии адабиёти гузаштаву имрўза номи ўро дар радифи беҳтарин адабиётшиносони тоҷик дар асри ХХ мегузоранд.
Фотеҳи қуллаҳои баланди илм
Аълохон Афсаҳзод аз зумраи он донишмандонест, ки дар соҳаҳои гуногуни илми адабиётшиносии тоҷик хидмати пурсамар намуда, дар пешрафти адабиёту санъат ва маданияти мо саҳми босазо мегузоранд.
Фаъолияти илмии Аълохон Афсаҳзод ҳанўз дар замони донишҷўии ў шурўъ шудааст. Ҳангоме ки ў дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекард, на танҳо дар маҳфилҳои гуногуни илмӣ бо маърўзаҳои пурмазмун баромад мекард, балки доир ба масъалаҳои адабиёт, драматургия ва театри тоҷик мақолаву тақризҳо навишта, дар матбуот чоп намуд. Аввалин мақолаву тақризҳои донишҷўӣ, ки дар рўзномаҳои "Тоҷикистони советӣ", "Комсомоли Тоҷикистон", "Маориф ва маданият" ба табъ расида буданд, аз истеъдоду қобилият ва қалами буррои ў шаҳодат медоданд.
Аз ин ҷост, ки пас аз хатми донишгоҳ Аълохон Афсаҳзодро ба Шўъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии /ҳоло Институти шарқшиносии/ АФ Тоҷикистон ба кор даъват намуданд. Ў, ки аз хурдӣ ба адабиёти бою бостонии тоҷику форс, ба ашъори саромадони ин адабиёт дилбастагӣ дошт, бо иштиёқи том ба мутолиаву омўзиши осори классикони адабиёт пардохт. Ў аз як тараф саъй менамуд, ки осори адибони маъруфи гузаштаро, ки шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, амиқтару пурратар омўзаду аз асрори маҳорати беназири онҳо огоҳӣ ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор