Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар ў ҷаҳд мекард, ки мушоҳидаву дарёфтҳои худро пешкаши оммаи васеи хонандагон гардонад, то ки онҳо низ ҳар чи бештар бо осору афкори гузаштагони хирадманди худ ошно гарданд. Мақолаҳои сершумори А.
Афсаҳзод дар бораи Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Низомии Арўзии Самарқандӣ, Хоқонӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Суҳайлӣ, Ҳотифӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Мактабии Шерозӣ, Абдибеки Шерозӣ ва амсоли инҳо, ки солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ нашр гардидаанд, натиҷаи ҳамин омўзишу мутолиоти ў буданд. Вале диққати муҳаққиқи ҷавонро беш аз ҳама осори хеле ғаниву рангини шоир ва донишманди номии асри XV Абдураҳмони Ҷомӣ ба худ ҷалб менамуд. Махсусан, ҷашни 550-солагии ин инсонпарвари бузург, ки соли 1964 дар Душанбе баргузор гардид ва барои арзи садоқату муҳаббат ба суханвари маъруф адибону донишмандони зиёдеро аз кишварҳои гуногуни олам ҷамъ овард, дилбастагии муҳаққиқи ҷавонро ба осори Ҷомӣ боз ҳам бештар кард. Аз ин ҷост, ки ў тадқиқи яке аз маснавиҳои шоир "Лайлӣ ва Маҷнун"-ро мавзўи кори илмӣ қарор дода, соли 1967 дар ин мавзўъ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
Минбаъд Аълохон Афсаҳзод тадқиқи паҳлўҳои гуногуни ҳаёт ва осори Ҷомиро идома дода, ҳамчун ҷомишиноси маъруф дар мамлакати мо ва берун аз ҳудуди он шинохта шуд. Хидмати ў махсусан, дар омўзиши нусхаҳои хаттии осори Ҷомӣ ва тартибу нашри матни асарҳои шоир хеле калон аст. Агар солҳои аввал ў бештар ба таҳияи матни оммавии асарҳои Ҷомӣ машғул шуда, дар нашри матни осори мунтахаби панҷҷилдаи шоир иштирок карда, достонҳои "Лайлӣ ва Маҷнун", "Хирадномаи Искандарӣ" ва "Ғазалиёт"-ро ба чоп тайёр карда бошад, пас минбаъд ў ба омода сохтани матнҳои илмиву интиқодии осори шоир пардохт. Матни илмиву интиқодии "Баҳористон"", ки соли 1972 дар Душанбе ва "Лайлӣ ва Маҷнун", ки соли 1974 дар Москва ба табъ расиданд, қобилияту маҳорати А.Афсаҳзодро чун матншиноси пухтакор намоиш доданд. Ў ҷустуҷўйҳои худро дар ин арса идома дода, акси қадимтарину комилтарини нусхаҳои осори Ҷомиро аз ганҷинаву китобхонаҳои кишварҳои гуногуни олам ҷамъ оварда, мавриди баррасии амиқ қарор дод ва аз байни садҳо нусхаҳои қаламӣ чанд нусхаи аз ҳар ҷиҳат қобили эътимодро интихоб намуда, ба тартиби матни девонҳои ашъори шоир шурўъ намуд. Натиҷаи ин кори ниҳоят заҳматталаб, ки вусъати донишу назар, меҳнату тоқати зиёдро тақозо мекард, дар шакли се девони калони ашъори шоир дар Москва интишор ёфта, ҳодисаи фараҳбахше дар ҷомишиносии шўравӣ гардид ва шўҳрати матншиносии тоҷикро афзун намуд.
Дар баробари таҳияи матни осори Ҷомӣ муҳаққиқ пайваста тадқиқу таҳлили афкору андеша, мундариҷаву мавзўот, тасвиру образҳои эҷодҳои шоирро идома медод. Китобҳои ў "Достони Лайлӣ ва Маҷнун"-и Абдураҳмони Ҷомӣ (Душанбе, 1970), "Абдураҳмони Ҷомӣ" (1978), "Рўзгор ва осори Ҷомӣ" (1980), "Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ"
(1981) ва зиёда аз бист мақолаи вай аз қабили "Ҳофиз ва Ҷомӣ", "Дарёи нур", "Вазн ва қофияи ғазалҳои Ҷомӣ", "Баҳористон" ва шўҳрати он" аз ҷумлаи беҳтарин асарҳо доир ба аҳволу осори Ҷомӣ буда, мавриди қабулу писанди ҷомишиносони маъруфи олам қарор гирифтаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ