Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тарҷумаи асарҳои драмавӣ низ Аълохон Афсаҳзод хидмати шоистае кардааст. Тарҷумаи асарҳои драматургони маъруф Ж. Руссо "Пигмалино" /Ж.Б. Молер /"Ашрофпараст", /А.Н. Островский /"Ҷои сердаромад", "Гирдоб/, Тавфиқ-ул-ҳаким/ "Султони бадқаҳр"/, Г. Бес/ "Писар бармегардад"/, Сарвар Азимов /"Сароби хунин"/, Т. Эсанова /Арўси маълумоти олидор"/, ки дар театрҳои ҷумҳурӣ ва телевизиони тоҷик намоиш дода шудаанд, ба қалами ў мансубанд.
А. Афсаҳзод дар кори хайри бо мероси пурбаҳои адабии гузаштаи халқи тоҷик шиносондани оммаи васеи хонандагон низ саъю кўшиши зиёде ба харҷ додааст. Ў "Оинаи Искандар" ва "Панду андарзҳо"-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, "Ҳафт пайкар" ва "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Низомӣ, "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Мактабии Шерозӣ ва намунаҳои осори як қатор шоирони маъруфи гузаштаро ба чоп ҳозир кардааст. Бо сарварии ў бори аввал бо ҳуруфи имрўзаи тоҷикӣ тазкираи нисбатан мукаммали панҷҷилдаи ""Гулшани адаб" нашр гардид, ки шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаи ашъори суханварони маъруфи гузаштаро фаро мегирад.
Дар муҳокимаву таҳрири асарҳои илмии ҳамкорону олимони ҶАВОНА. Афсаҳзод хеле фаъолона ширкат меварзад. Ў мураттиби маҷмўаҳои илмии "Ҷашнияи Баҳром Сирус", "Ёдбуди устод Рўдакӣ" ва муҳаррири зиёда аз 25 монографияву маҷмўаҳои илмиву адабӣ мебошад.
Солиёни зиёд аст, ки ў мудири шўъбаи матншиносии Институти шарқшиносии ҷумҳурӣ буда, дар ташкилу пешбурди мактаби матншиносии тоҷик саҳми калон дорад. Саҳми А. Афсаҳзод дар тарбияи шарқшиносони ҷавон ва тайёр намудани мутахассисон низ шоистаи тақдир аст. Шогирдони ў Ҷ. Назриев, Ш. Нуриддинов, И. Хоҷиев, М.
Қосимов, А. Муҳаммадиев, А. Раҳмонов, З. Зарифов, А. Юлдошев, М.
Умаров ва дигарон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ё дар арафаи ҳимоя буда, бо сарварии устоди худ корҳои илмиашонро бомуваффақият давом медиҳанд.
А. Афсаҳзод аъзои Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шўравӣ, Ҷамъияти театрии ҷумҳурӣ ва як қатор шўроҳои дигари илмиву методӣ буда, дар ҳаёти илмиву мадании ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамояд.
Чанде пеш ҳукумат хидматҳои А. Афсаҳзодро ба назар гирифта, ўро ба муносибати 50-солагиаш бо Грамотаи Фахрии Президуми Шўрои Олии Тоҷикистон тақдир намуд. Ў ҳоло дар айни камолоти эҷодӣ буда, барои пешрафти илму маданияти тоҷик беш аз пеш бо кўшишу ғайрати тамом хидмат мекунад. Дар ин роҳ ба ў комёбиҳо ва авҷу барори тоза орзумандем.
1986

пешина
аз 625
навбатӣ