Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўдакишиносӣ дар чашмандози илмии Абдулманнони
Насриддин

Абдулманнони Насриддин аз зумраи он донишмандони пуркоре буд, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни суханшиносӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Чашмандози илмии ў васеъ буда,ҷанбаҳои гуногуни улуми адибаро мисли фарҳангшиносӣ, шарҳнигорӣ, матншиносӣ, луғатшиносӣ, нақди тарҷумаву тафсир аз нигоҳи суханшиносӣ ва ҳоказоро фаро мегирад. Хидмати равоншод, ба хусус дар баррасии масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти ғаниву бостонии тоҷику форс ва намояндагони барҷастаи он хеле назаррас аст. Аз миёни онҳо беш аз ҳама таваҷҷўҳи ўро бунёдгузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҷалб намудааст.
Ба замон, рўзгор ва осори устод Рўдакӣ Абдулманнони Насриддин дар ҳамаи давраҳои фаъолияти илмии худ таваҷҷўҳ доштааст. Ҳанўз дар асарҳои аввалини илмии худ, ки ба масъалаҳои шарҳнависӣ ихтисос доштанд, ў дар мавридҳои гуногун ба осори устод Рўдакӣ ишора намудааст. Масалан, барои ҳалли он нуктаи баҳсангези «маънои «шуд»-ро ифода кардани «буд» дар шеъри қудамо» байти маъруфи Рўдакиро шоҳид меорад:
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам, Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.
Тавре ки маълум аст, матншиносӣ аз муҳимтарин соҳаҳои суханшиносӣ ба шумор меравад, зеро ба қавли академик Д.С.
Лихачев «таҳқиқи матн пояи фаъолияти олим буда, кулли таҳқиқоти дигар бар мабнии он қарор мегирад». Аз ин ҷост, ки Абдулманнони Насриддин ба ин бахш таваҷҷўҳи зиёд пайдо кард ва пас аз талошу пажўҳишҳои зиёди пурсамар, чунон ки А.
Сатторзода дуруст таъкид кардааст, соҳиби мактаби илмӣ дар матншиносии тоҷик гардид3.
Ба хусус ҷусторҳои ў дар матншиносии осори устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ва муосирони ў хеле пурсамар буда, натиҷаи онҳо дар чандин мақола ва китоби пурарзиши «Рўдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда), ки ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён бо ибтикори Маркази пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониён соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расид, таҷассум ёфтаанд.
Пешгуфтори китоб, ки ба қалами худи муаллиф мансуб аст, муфассал буда, шарҳу тавзеҳи чанд масъалаи муҳимми матншиносии тоҷикро фаро мегирад. Муаллиф пеш аз ҳама аҳамият ва зарурати матншиносиро ҳамчун илм таъкид намуда, аз замонҳои хеле қадим ибтидо гирифтани он ва ҳанўз дар таҳияи матни Авесто истифода шудани унсурҳои матншиносиро бо далелҳо ба субут расондааст.

пешина
аз 625
навбатӣ