Равзанаи адаб

Дар мақолаи «Манбаъшиносии осори Рўдакӣ» таваҷҷўҳи муаллиф ба он сарчашмаҳое ҷалб шудааст, ки дар онҳо ашъори шоир сабт ёфтаанд ва мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин маврид низ Абдулманнони Насриддин арзиши ҳар манбаъро нишон дода, ҳамзамон хидмати онҳоеро, ки дар ёфтану ба муомилот ворид кардани он пораҳои тозаи ашъори шоир саҳм гузоштаанд, арзёбӣ намудааст. Масалан, дар бораи яке аз манбаъҳои муҳим ва қадимии ашъори Рўдакӣ «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ сухан ронда, ў ёдовар мешавад, ки бори аввал аз ин луғат С.Нафисӣ абёти шоирро фаро гирифтааст. Баъдтар луғатшинос В. Капранов аз нашри дигари «Луғати фурс»-и Асадии Тўмӣ 57 байти навро пайдо карда, ба мероси шоир афзудааст. Пас аз он донишманди эронӣ Дабири Сиёқӣ нусхаи дигари луғати мазкурро ба чоп расонда, боз чанд байти тозаро аз осори шоир дарёфт намудааст. Бо зикри ин далел А.Насриддин бо хушбинӣ таъкид менамояд, ки имкони пайдо кардани манбаъҳои нав ва ашъори тозаи Рўдакӣ мавҷуд аст. Ин андешаи донишманд муҳаққицон ва ба хусус ҷавононро водор менамояд, ки ҷиддан ба ҷустуҷўи осори Одамушшуаро машғул шаванд ва дурдонаҳои тозаи осори ўро пайдо намоянд.
Дар мақола ҳамчунин хидмати муҳаққиқони тоҷик бо сарварии А. Мирзоев, ки аз «Тўҳфатулаҳбоб»-и Ҳофизи Ўбаҳӣ, «Донишномаи Қадархон» ва «Фарҳангномаи Вафоӣ», ки мавриди истифодаи С.Нафисӣ қарор нагирифтаанд, абёти тозаро пайдо карда буданд, таъкид мегардад.
Зимнан муаллиф ба мушкилоти истифодаи манбаъҳо низ ишора намудааст. Аз ҷумла дар баъзе сарчашмаҳо амсоли «Луғати фурс», «Сиҳоҳулфурс» илова бар ашъоре, ки мансубияташон ба Рўдақӣ таъкид шудааст, шеърҳое низ ба назар мерасанд, ки зери унвони «устод гуфт» омадаанд ва муайян кардан душвор аст, ки муаллиф киро дар назар дорад. Шояд дар аксар мавридҳо манзур аз «устод» Рўдакӣ бошад, вале баъзан Фирдавсӣ ва шоирони дигар низ ба унвони устод ёд шудаанд. Бинобар ин дар чунин мавридҳо муҳаққиқро зарур аст, ки барои равшан кардани масъала аз сарчашмаву воситаҳои дигар истифода намояд.
Ашъори Рўдакиро илова бар манбаъҳои адабӣ дар сарчашмаҳои дигар низ метавон пайдо кард, ки осори таърихӣ, диниву мазҳабӣ, рисолаҳои илмӣ аз он ҷумлаанд. Масалан, маҳз тавассути «Таърихи Систон» шакли комили қасидаи машҳури «Модари май» дастрас шуд ва аз осори Рўдакӣ будани он мусаллам гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор