Равзанаи адаб

Масъалаи дигаре, ки дар мақола матраҳ шудааст, мансубияти шеърҳо ба Рўдакӣ мебошад. Дар таърихи адабиёт шеърҳое, ки ба чанд шоир нисбат дода мешаванд, зиёданд. Аз ҷумла дар маҷмўаҳои осори Рўдакӣ низ чунин шеърҳо ба назар мерасанд, ки чанде аз онҳоро А. Насриддин мавриди баррасӣ қарор додааст. Қабл аз ҳама ў он шеърҳоро ба 4 гурўҳ ҷудо намуда, сипас ҳар яки онҳоро бо зикри далелҳои фаровон тавзеҳ додааст.
Дар мақолаи «Мансубияти асар – атрибутсия» ин масъала боз ҳам амиқтару дақиқтар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Аз ҷумла сабаб ва роҳҳои ба Рўдакӣ нисбат дода шудани шеъри машҳури «Бихандад лола бар саҳро», ки аслан порае аз қасидаи тўлонии Қатрон аст, ба таври муфассал шарҳ ёфтааст. Ҳамчунин дар осори Саноӣ,Ҷалолиддини Балхӣ бо баъзе тағйироти ҷузъӣ ҷой доштани марсияи «Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд» ва ашъори дигари мансуб ба Рўдакӣ матраҳ шудааст. Мулоҳизаҳои муаллиф роҷеъ ба маснавии мансуб ба Рўдакӣ «Даврони офтоб»
низ хеле ҷолибанд. Ў дар асоси далелҳои зиёд ба субут расондааст, ки Рўдакӣ чунин достон надошта, ин интисоб аз дуруст дарк накардани тафсири шореҳони луғатҳо сар задаст.
Яке аз мушкилоти матншиносии осори Рўдакӣ ва адибони дигар тағйиру тасҳиф дар матни офаридаҳои онҳост. Дар мақолаи «Тағйироти матн» А. Насриддин ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, қабл аз ҳама роҳҳои ба вуҷуд омадани тағйироту дигаргуниҳоро дар матнҳои адабӣ дар мисоли осори Ҳофиз ва Шаҳиди Балхӣ нишон дода, ба ин натиҷа мерасад: «Тағйироте, ки дар матн рух медиҳад, маъмулан се ҳолат дорад:
1.Таҳриру тағйирот аз ҷониби худи муаллифон(дар замони мо ҳамчунин муҳаррирон – А.Н.).
2.Тағйир додани матн аз ҷиҳати надонистани маъно ва ё ба таври худ тавзеҳ додани матлаби адиб.
3.Тағйироти ғаразмандона ва таҳрифгарона ба мутуни адабӣ». Сипас дар мақола ба таври муфассал дар бораи ин се ҳолат дар матни осори бозмондаи Рўдакӣ изҳори назар шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дар ин маврид низ муаллиф хидмати муҳаққиқонро ёдовар шуда, ба баҳсе, ки перомуни «қатраборон»
дар шеъри Рўдакӣ ва «БўйиҶўйи Мўлиён» дар матбуот густариш ёфта буд, ишора мекунад ва мулоҳизаҳои худро роҷнъ ба онҳо иброз медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор