Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи ҷустуҷўйҳои зиёд ў 6 манбаи муҳим ва нисбатан муътамаду кўҳани шеъри мазкурро муайян намуда, сипас 14 манбаи дигарро, ки пас аз асри Х1У ба вуҷуд омадаанд, зикр мекунад. Ҳамчунин дар мақолаи мазкур ба такрори абёт дар матни осори Рўдакӣ ишора намуда, ҳатто дар маҷмўаҳои таҳиякардаи донишмандони маъруф С. Нафисӣ, И.С. Брагинский, Манучеҳри Донишпажўҳ, Ҷаҳонгири Мансур ҳам роҳ ёфтани ин иштибоҳ бо мисолҳо нишон дода шудааст. Аз ин рў муаллиф дуруст таъкид мекунад, ки барои ба чунин иштибоҳ роҳ надодан бояд «муҳаққиқи матншинос ҷузъиёти дигари мутуни адабӣ ба монанди вазн, ҳуруфи аввали матлаъ ва байтҳои дигар, таносуби мавзўиву мантиқии каломро ба эътибор бигирад, вагарна ҳатман матни таҳиянамудаи ў нуқсу халал пайдо хоҳад кард».
Қобили таваҷҷўҳ аст, муаллиф пас аз таҳлилу қиёсҳои матншиносӣ сабабҳои рух додани тағйироту иштибоҳотро дар матни ашъори Рўдакӣ ба қалам додааст.
Ҳарчанд шарҳи махсуси осори Рўдакӣ дар асрҳои миёна то имрўз боқӣ намондааст, вале шарҳу тавзеҳи абёти шоирро метавон аз фарҳангу луғатномаҳои гуногун ва шарҳи осори шоирони дигар мушоҳида кард. Дар мақолаи «Шарҳи ашъори устод Рўдакӣ» Абдулманнони Насриддин ин масъаларо таҳқиқ намуда, мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст. Дар мақола ба таври муфассал «Шарҳи девони Хоқонӣ»-и Абдулваҳҳоб ибни Муҳаммад ал-Ҳусайнӣ ал-Ҳасанӣ ал-Маъмурии Ғаноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шудааст, ки дар ин шарҳ баробари ашъори Хоқонӣ муаллиф ба «шарҳи абёти мушкилаи шуарои мутақаддимин» низ пардохтааст. Аз он ҷумла иддае аз абёти Рўдакӣ дар шарҳи мазкур тавзеҳ ёфтаанд, ки муаллифи мақола ба онҳо таваҷҷўҳ зоҳир намуда, арзиши илмиву адабии онҳоро ба қалам додааст. Тавзеҳоти мазкур дар баробари дорои аҳамияти маърифатӣ будан арзиши матншиносӣ низ дорад. Масалан, дар мисраи «Ҳам ба сони гард бардорад зи рўй» вожаи «гард» дар маҷмўаҳои гуногун дар шакли «курд», «гурд» низ сабт шудааст. Аз шарҳи мазкур саҳеҳ будани шакли навишти гард маълум мегардад. Дар поёни сухан муаллифи мақола пешниҳод менамояд, ки суннатҳои маънигузории шарҳҳои асримиёнагӣ идома дода шавад, зеро «дар ҳамин равиш таҳия кардани шарҳи ашъори Рўдакӣ арзиши бисёре хоҳад дошт».
Дар воқеъ ин пешниҳод хеле ҷолиб буда, қобили дастгирист.Зеро шарҳу таҳлили мавҷудаи осори адабӣ ба хусус дар китобҳои дарсӣ ислоҳталаб буда, барои дарку шинохти воқеии матн мусоидат намекунад.

пешина
аз 625
навбатӣ