Равзанаи адаб

Муҳаққиқи китобдороии Эрон
Сафар Сулаймонӣ аз зумраи донишмандони пуркорест, ки дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои гуногуни фарҳанг тадқиқоти фаровон дорад. Дар чашмандози пурдоманаву васеи илмии ў масоили эроншиносӣ ҷойгоҳи хос ва асосӣ дорад.
Фаъолияти илмии худро Сафар Сулаймонӣ бо таҳқиқи масоили китобхонаҳо дар қаламрави Тоҷикистон шурўъ карда, сипас бо вазъи китобхонаҳои кишвари ҳамҷавору ҳамзабон Афғонистон таваҷҷўҳ зоҳир намудааст. Ҳангоми таҳсил дар докторантураи Донишгоҳи фарҳанги Маскав соли 1987 ба ў муяссар мегардад, ки ба Афғонистон сафари илмӣ намояд. Дар тўли ин муддат ў дар китобхонаҳои Кобул аз субҳ то шом ба мутолиаву таҳқиқ машғул гардида, на танҳо бо вазъи китобхонаҳои он ҷо ба хубӣ огоҳ мегардад, балки ба фарҳангу таърихи ғаниву бостонии ин кишвар ошноӣ пайдо мекунад. Ширкат дар семинару ҳамоишҳо ва маҳфилҳои илмӣ низ барои шиносоии бештари ў бо хусусиятҳои китобхонаҳои ин кишвар ва усули кори онҳо мадад мерасонад.
Пас аз бозгашт Сафар Сулаймонӣ натиҷаи мушоҳидаву баррасиҳои худро дар рисолаи «Кори китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» баён намуд. Ин рисолае, ки таҳқиқи масъалаҳои назариявию амалии китобдориро дар Афғонистон дар бар мегирад, таваҷҷўҳи донишмандону мутахассисонро ба худ ҷалб намуд. Дар тақризҳои Б. Холов ва А. Ғаффоров, ки дар матбуоти тоҷик ба табъ расиданд, ба рисола баҳои баланд дода шуда, он чун муқаддимае дар омўзиши фарҳанги китобдории Шарқ муаррифӣ гардид.
Мулоҳизаҳои Сафар Сулаймонӣ роҷеъ ба хусусиятҳои китобхонаҳои Афғонистон дар рисолаи «Китобҳои мубориз» (1998) низ баён шудаанд. Дастури таълимии «Китобдории ҷаҳони саввум» (1989) аввалин асаре буд, ки муҳаққиқонро ба таври умумӣ ба вазъи китобхонаҳои кишварҳои шарқи хориҷӣ шинос намуд.
Тасаввури хуб аз вазъи кунунӣ ва таърихи китобдории Тоҷикистону Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба Сафар Сулаймонӣ имкон дод, ки ба таҳқиқи ҷиддии таърихи китобдории Эрон пардозад.
Дар охири солҳои 80 бо нармтар шудани сиёсати дохиливу хориҷии Давлати Шўравӣ дар равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон шароити мусоиде ба вуҷуд омад. Соли 1989 гурўҳе аз аҳли фарҳангу ҳунари Эрон таҳти сарварии раиси Китобхонаи миллии Эрон, донишманди варзида ва инсони наҷиб Муҳаммад Раҷабӣ ба Душанбе омад ва дар ҷашну симпозиуми 1400-солагии Борбад ва конфронси байналмилалии «Китоб ва эҳёи тамаддуни Шарқ: дирўз ва имрўз» ширкат намуд. Яке аз созмондиҳандагон ва иштирокчиёни фаъоли ин тадбирҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, ки барои пешрафти робитаҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон марҳилаи тозае боз намуд, Сафар Сулаймонӣ буд. Маҳз бо талошу кўшишҳои ў ва ҳамсафонаш конфронси мазкур дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид ва миёни фарҳангиёни тоҷику эронӣ риштаҳои дўстӣ баста шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор