Равзанаи адаб

Дар рўзҳои баргузории конфронси мазкур Муҳаммад Раҷабӣ, ки ўро метавон яке аз бунёдгузорони равобити фарҳангии Эрону Тоҷикистон донист, аз марказҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон дидан намуда, бо раёсати пажўҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ, Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода қарорҳои ҳамкорӣ имзо кард. Дар ҳамин рўзҳо буд, ки миёни Муҳаммад Раҷабӣ ва Сафар Сулаймонӣ, ки ҳарду ба фарҳангпажўҳиву кўшишмандӣ, пуркориву ҷўяндагӣ бо ҳам қаробат доштанд, дўстии самимӣ ва ҳамкории илмӣ шурўъ шуд ва минбаъд рушду тавсиа пайдо кард.
Ниҳоли дўстие, ки ин ду донишманди фарҳангшинос ва ҳамсафони онҳо дар бўстони фарҳанги Эронзамин шинонданд, ба дарахти тануманде табдил ёфта, самари зиёде ба бор меорад.
Дере нагузашта Муҳаммад Раҷабӣ ба аҳди худ вафо намуда, як гурўҳ фарҳангиёну донишмадон ва адибони тоҷикро тибқи қарордоди имзошуда ба Эрон барои боздид аз марказҳои фарҳангии он ҷо даъват намуд. Дар ин гурўҳ шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Сафар Сулаймонӣ ҳам шомил буданд, ки ҳар ду беш аз ҳама иштиёқи дидори Эронро доштанд.
Дар муддати як моҳ аъзои гурўҳ бо муассисаҳои зиёди илмиву фарҳангии шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Шероз ошно гардида, дар конфронси байналмилалии «Ҳазораи тадвини Шоҳнома ва бузургдошти Фирдавсӣ»
низ ширкат намуданд. Ин сафар, ки дар он донишмандону фарҳангиёни тоҷик Муҳиддин Олимпур, Камол Айнӣ, А. Раҳимов, Р. Амиров, Ҷ.
Назриев, С. Ғойибназаров, А. Юнусов ва нависандаи ин сатрҳо низ ширкат доштанд, аввалин сафари дастҷамъии аҳли илму фарҳанги тоҷик буд, ки сароғози робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон гардид. Пас аз ин робитаву ҳамкории Китобхонаи миллии Эрон бо марказҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон, ки Муҳаммад Раҷабӣ ва Сафар Сулаймонӣ аз пешоҳангону пайвандгарони ин робитаҳо буданд, идома пайдо мекунад.
Аз ин ҷост, ки Муҳаммад Раҷабӣ дўсти ҳампешаи худ Сафар Сулаймониро ба муддати 6 моҳ барои коромўзӣ дар Китобхонаи миллӣ даъват намуд.
Шаш моҳи коромўзӣ барои Сафар Сулаймонӣ ба як донишгоҳ баробар буд, зеро ў аз захираҳои ғании китобхонаҳои бузурги Эрон баҳравар гардида, бо донишмандону китобшиносони маъруф мулоқот намуда, аз онҳо сабақ гирифт.
Аз ҳамин давра шурўъ намуда Сафар Сулаймонӣ ба таҳқиқи амиқу ҳарҷонибаи таърихи китобхонаҳои Эрон ва суннатҳои китобдориву китобшиносии ин кишвари бостонӣ машғул гардид.
Баъди баргаштан аз коромўзӣ Сафар Сулаймонӣ таассуроти ғаниву рангини худро дар мақолаву сўҳбатҳои зиёди худ бо эҳсосу ҳаяҷони баланд ироъа намуд. «Дар оғўши кишвари китобҳо», «Забони форсӣ ва забони илм», «Китоб моро ба ҳам мепайвандад», «Чӣ ганҷҳое нуҳуфтааст», «Эрон фарҳангистонро монад», «Ҳавзаи забони форсиро ғанӣ кунем», «Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст», «Аз Шумо бўи Бухоро меояд»- мегуфтанд аҳли аҳли фарҳанги Эрон», «Андар таҳқиқи китобхонаҳои Эрони бостон», «Оинаи ибрат», «Ҳадяи осмонӣ», «Ҳар пораи санги Эрон ҷаҳони маъниҳост» аз зумраи мақолаҳову мусоҳибаҳои ўст, ки дар онҳо хонанда самимияту садоқат ва ихлосу муҳаббати шахсеро, ки ба Эрон ва мардуму фарҳанги он дилбастагии ҳақиқӣ дорад, эҳсос менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор