Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла дар мусоҳибае, ки бо рўзноманигори «Ҳақиқати Ўзбекистон» сурат гирифтааст, Сафар Сулаймонӣ таассуроти хешро чунин ба қалам додааст: «Зеро дидани ҳар санги Эрон орзуяш аст.
Лиҳозо ҳар порасанги он таърих дорад, гузашта дорад, мисли китобҳояш зебост ва ҷаҳони маъниҳост». Ин мусоҳиба, ки воқеаи саршори муҳаббату садоқати як эрондўсти асил аст, дар Эрон низ интишор ёфта, дар маҷаллаҳои «Адабистон» ва «Раҳоварди Донишгоҳи Исфаҳон» ба табъ расид.
Солҳои 1991-1994 барои аҳли илму фарҳанги тоҷик низ давраи сахту душвор буд. Вале як гурўҳ донишмадон ба рағми ҳама мушкилот аз таҳқиқи илмӣ дур нашуда, кори худро идома медоданд. Сафар Сулаймонӣ низ даъвати раёсати Донишгоҳи Исфаҳонро пазируфта, барои давраи таҳқиқӣ ба он ҷо сафар намуд. Сарварони гурўҳи китобдории донишгоҳ аз дониши васеаш аз илми китобхонашиносиву китобдории ҷаҳон огоҳ шуда, ўро ба тадрис даъват намуданд. Дар муддати чаҳор сол ў ба донишҷўёни Донишгоҳи Исфаҳон аз китобхонашиносиву китобдорӣ дарс гуфт. Азбаски Сафар Сулаймонӣ аз таърихи китобдории Тоҷикистон, Русия, кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон огоҳии хуб дошт, дарсҳои ў барои донишҷўён хеле шавқовар ва судманд буданд. Ба дарсҳои ў на танҳо донишҷўёни донишкадаҳои дигар, балки омўзгорон низ ҳозир мешуданд.
Дар тўли ду моҳе, ки нависандаи ин сатрҳо низ дар донишгоҳи мазкур ба таҳқиқу тадрис машғул буд, робитаи хуби Сафар Сулаймониро бо донишҷўёну устодони донишгоҳ ва мавриди эҳтироми онҳо қарор гирифтани ўро мушоҳида намуд.
Сафар Сулаймонӣ вақти зиёди худро дар китобхонаи илмии донишгоҳ гузаронида, ба таҳқиқи таърихи китобдорӣ машғул мешуд. Ў ҳатто барои такмилу тавсиаи дониш дар соатҳои фароғат дар дарсҳои устодони донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ низ ширкат меварзид ва бо онҳо робитаи хубу ҳамида дошт.
Маводи фаровонеро, ки Сафар Сулаймонӣ тўли ин солҳо аз маъхазҳои гуногун гирд оварда буд, ҷамъбандӣ намуда, таҳлилу баррасӣ кард ва таҳти унвони «Китобдорӣ дар Эрон: Дирўз ва имрўз» рисолаи муфассали илмиро офарид, ки соли 1994 ба забони русӣ дар Душанбе ба табъ расид. Дар ин рисола таърихи китобдории Эрон аз замони бостон то имрўз давра ба давра баррасӣ шудааст. Муаллиф ҷанбаҳои гуногуни китобдориро дар Эрон бори аввал ҳарҷонибаву муфассал мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Рисола на танҳо дорои маводи нодиру фаровон буд, балки бо таҳлилу арзёбии амиқ ва баҳсҳои илмӣ низ қобили таваҷҷўҳ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар асоси ин китоб ў дар Шўрои илмии Академияи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

пешина
аз 625
навбатӣ