Равзанаи адаб

Сафар Сулаймонӣ яке аз бунёдгузорони маркази илмиву фарҳангии ғайридавлатии эронишиносист, ки чанде пеш ба фаъолият шурўъ намудааст. Аввалин коре, ки ин марказ шурўъ намуд, чопи китоби муҳаққиқи эронӣ Ҷаводи Ҳиравӣ «Эрон дар замони Сомониён» буд, ки баргардону нашри онро ҳам Сафар Сулаймонӣ ба анҷом расонидааст.
Ин китоб тўҳфаи хубе ба ҷашни 1100-солагии Сомониён буда, мавриди истифодаи донишмандону хонандагони тоҷик қарор гирифт.
Ў ҳамчунин дар баргардону интишори асарҳои донишмандони Эрон Аббоси Ҳуррӣ «Оини таҳқиқи илмӣ», Пурии Султонӣ ва Фарвардини Ростин «Истилоҳномаи китобдорӣ», Аминӣ «Интихоби ҳамсар» кўшиш ба харҷ дода, хонандагони эрониро бо маҷмўаи ашъори Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар» ошно намудааст.
Он чи ин ҷо зикр шуд, шаммае аз фаъолияти пурдоманаи профессор Сафар Сулаймонӣ дар ҷодаи эроншиносӣ буда, аз заҳмати фаровону хидмати шоёни ў дар ин росто ва муҳаббату дилбастагии зиёдаш ба фарҳангу мардуми ҳамзабону ҳамтабори Эрон гувоҳӣ
Истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ ва
баъзе мушкилоти он
Дар замони пешрафти босуръати илму фановарӣ ва иттилоот
истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ аз масъалаҳои хеле муҳим ва
мубрами рўз ба шумор меравад. Зеро интихоби дурусти истилоҳоту
вожаҳои хориҷӣ боиси ғановату рангинӣ ва афзудани ҳусни забон
гардида, баръакс вуруди бенизоми онҳо мунҷар ба коҳиши ҳусни
он хоҳад шуд. Ҳамчунин рушди сареъи ҳамкорӣ ва робитаҳои
сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии кишварҳои форсизабон
ҳамгунсозии истилоҳотро дар байни ин кишварҳо тақозо
менамояд. Дар асри ХХ ба ин масъалаҳои мубрам камтар
таваҷҷўҳ мешуд, ки ин биоси нигаронии донишмандон ҳам гардида
буд. Ҳушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар ин
бобат баъзе кўшишҳои судманд сурат гирифтанд. Аз ҷумла вожаву
истилоҳоти зиёде амсоли «ҷумҳурӣ», «ҳизб», «Шўравӣ»,
«фурудгоҳ», «ҷаласа», «иҷлосия», ки истифода намешданд, эҳё ва
ҷорӣ гардиданд, таваҷҷўҳ ба имкониятҳо ва захираҳои забони
ноби тоҷикӣ бештар шуд. Самараи он аст, ки адибону
донишмандон ба эҷоди вожаву истилоҳоти нав пардохтанд ва
мисли «чархбол», «фурўзонак», «гулбайт» истилоҳоти тоза
сохтанд. Вале ин раванд хеле суст ҷараён дорад ва дар ин замина
комёбиҳои назаррас мушоҳида намешавад. Ҳанўз усулҳо ва
равишҳои истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ дар забни тоҷикӣ ба
таври дақиқ муайян карда нашудаанд. Аз ин ҷост, ки дар интихоб ва корбкрди истилоҳот нуқсонҳо ба назар мерасанд, ки инак мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба чанде аз онҳо баён хоҳем кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор