Равзанаи адаб

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки аз сабаби ба масъалаи истилоҳсозӣ камтар таваҷҷўҳ кардани забоншиносону мутахассисон дар Тоҷикистон ба истилоҳсозиву истилоҳгузинӣ бештар рузноманигорон машғуланд. Масалан, дар солҳои 80 асри гузашта рўзноманигороне, ки дар Афғонистон тарҷумонӣ кардаанд, вожаи «аэропорт»-ро ба «майдони ҳавоӣ» иваз намуданд. Вале онҳое, ки дар Эрон кор кардаанд, вожаи «фурудгоҳ»-ро ба ҷои он истифода мекарданд.
Иштибоҳи дигар дар ин маврид шитобкорӣ ва тақлидкорӣ дар интихоби истилоҳот аст. Тавре ки зикр шуд, дар давраи истиқлолият истилоҳоту вожаҳои зиёде ба забони тоҷикӣ ворид шуданд, ки чанде аз онҳо аз забонҳои форсии Эрон ва дарии Афғонистон гузаштаанд. Масалан, истилоҳи «гумрук» аз форсии Эрон гирифта шуд. Дар ҳоле ки дар таърихи забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ вожаи «боҷгирӣ» вуҷуд дошт, ки маънии гумрук ва вазифаи онро адо менамуд. Дар марзи Эрону Туркманистон мавзеъе ҳаст, ки Боҷгирон ном дорад ва дар гузашта он маҳалли ситондани боҷ аз мусофирон будааст. Вожаи «боҷ» ё «бож»-ро ба маъниии хироҷу андоз Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» хеле фаровон истифода кардааст. Аз ҷумла ў навиштааст:
Ки мо шоҳро чокару бандаем,
Ҳамон божро гардан афкандаем.
Ҷои дигар Фмрдавсӣ «божгоҳ»-ро ба маънии маҳалли ситондини боҷ ва «божхоҳ»-ро ба маънии ситонандаи боҷ ба кор бурдааст:
Гирифтанд пайкор бо божхоҳ,
Ки киштӣ кадои аст бар божгоҳ ?
Тавре ки мебинем, хубии ин вожа боз дар он аст, ки аз ин реша чандин вожа ё истилоҳи дигар, амсоли «боҷгир», «боҷгирӣ», «боҷгирхона», «боҷситон», «боҷдеҳ», боҷхоҳ… сохтан мумкин аст.
Тааҷҷубовар аст, ки мутахассисони ўзбек аз ин вожаи зебои тоҷикӣ истифода карда, ба ҷои «гумрук» «боҷгирхона»-ро қабул намуданд, вале мо онро нодида гирифтем.
Вожаи дигаре, ки онро ҳам бошитоб аз форсии Эрон қабул намудем, «артиш» ба ҷои «армия» аст. Дар таърихи забон, ба хусус, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин маънии калимаи мазкурро вожаҳои «сипоҳ», «лашкар» ифода менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор