Равзанаи адаб

Дар «Шоҳнома»
омадааст:
Бирафту бад-ў дод тахту кулоҳ,
Бузургиву дайҳиму ганҷу сипоҳ.
Хурўше баромад з лашкар ба зор,
Кашиданд саф бар дари шаҳриёр.
Интихоби яке аз онҳо ба сифати истилоҳ хеле муносиб аст.
Зеро бар хилофи «артиш, ки имконияти сохтани истилоҳоти дигарро надорад, бо вожаҳои мазкур метавон чандин истилоҳи дигарро мисли «сипоҳӣ», «сипаҳсолор», «сипаҳбуд», «лашкарӣ», «лашкаркаш», «сарлашкар», лашкарситон, лашкаргоҳ …
сохт.Масалан Фирдавсӣ «лашкарӣ»-ро ба маънии сарбоз истифода бурдааст:
Ҳамон беҳ, ки ёбад дили лашкарӣ,
Ҳаме дар накўҳиш кунад кеҳтарӣ.
Дар забони тоҷикӣ калимаи хеле зебо ва хушоҳанги бофандагӣ вуҷуд дорад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир онро бо вожаи «нассоҷӣ» иваз кардаанд, ки он ҳам тақлид ба бародарони эронӣ аст. Аз ин вожа ҳам бар хилофи «нассоҷӣ»
метавон вожаҳои дигар сохт: бофанда, бофандагон, бофандавор…
Тавре ки маълум аст, дар гўиши форсии Эрон важаву таъбирҳои арабӣ хеле зиёд истифода мешавад ва ин раванд дар солҳои охир афзоиш меёбад. Баъзе қаламбадастони мо низ бо таъсири ин падидаи номатлуб вожаҳои ноби тоҷикиро ба вожасхои арабӣ иваз менамоянд. Аз ҷумла вақтҳои охир вожаи арабии «тахфиф», ки талаффузаш низ дурушт аст, ҷои калимаи зебову хушоҳанги «арзон»-ро мегирад. Ё худ вожаи арабии «мариз» ҷои калимаи «беморро, ки ба забони арабӣ ҳам ворид шудааст, танг кардааст. Ибораи «маводи нашъаовар» ҷои худро ба «маводи мухаддар», ки мисли мусаммояш нохушоянд аст, додааст.
Албатта, мо мухолифи ҳамгунсозии истилохоти забонҳои эронӣ нестем. Баръакс мо ҷонибдори онем, ки ин се шохаи як забон дар истифодаи истилоҳот ба ҳам наздик шаванд.Вале дар ин маврид меъёр бояд муайян бошад ва танҳо истилоҳте пазируфта шаванд, ки комилан ҷавобгўи талаботи истилоҳот ва хушоҳангу зебо бошанд. Вақтҳои охир чанд истилоҳи тозае сохта шуданд, ки ба ин талабот ҷавобгўянд. Масалан, ахиран дар Эрон истилоҳи «компютер»-ро ба «роёна» ва «СММ»-ро ба «паёмак» иваз намуданд, ки баҷо ва зебоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор