Равзанаи адаб

БАЁНГАРИ ДАРДИ ЗАМОН
Асари асили ҳар офаридгор хоҳ шеъру достон, қиссаву роман, суруду тарона ва ё офаридаи дигари ҳунариву фарҳангӣ метавонад бозгўйи ҷаҳони ботинӣ, афкору омол, сабку салиқа ва ҳатто хислатҳои фардиву шахсияти офаридгори он бошад. Ба иборати дигар асари зубдаи ҳар офаридгор ба мисли ойинаест, ки ҳастии ботинии соҳибашро бозтоб менамояд. Дар ҳар суруди сарояндаи маъруфу маҳбуби мардум устод Ҷўрабек Муродов низ метавон шахсияту фардияти ўро равшан эҳсос кард. Зеро ў дар офаридану иҷрои ҳар суруд заҳмати тоқатфарсои эҷодро кашида, матои онро аз тори дил танидаву бо пуди ҷон бофтааст.
Мутаассифона, то имрўз ҳунари волову маҳорати сарояндагии ин ҳунарманди асил ҳанўз ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст.
Санъатшиносони моро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷўҳ зоҳир намоянд, то ки сабақи эҷодие бошад ба насли имрўзу ояндаи ҳунарпешагон. Ин ҷо чанд мулоҳизаву бардошт аз суруде аз «Шашмақом», ки онро устод Ҷўрабек Муродов месарояд, ҳамчун шунавандаву мухлис баён мегардад.
«Шашмақом» дарвоқеъ аз муҳимтарин падидаҳои ҳунари мусиқии мардуми тоҷик аст, ки дорои таъриху суннатҳои хеле қадимӣ буда, аз навоҳои бостонии борбадӣ сарчашма гирифта, ба ҳикмату фарҳанги мардум робитаи қавӣ дорад. Дар он чун дар ойина завқу салиқа, орзуву омол, эҳсоси нозуки зебописандӣ, ҳувият ва хираду ҳикмати волои мардум басо зебову шево ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки он шўҳрати ҷаҳонӣ касб намуда, бо номҳои гуногун ба фарҳанги мардумони дигари Шарқ роҳ ёфтааст.
Дар ҳамаи давру замон «Шашмақом» санги маҳаке буд, ки сатҳи истеъдод ва маҳорати сарояндаро ба хубӣ муайян мекард.
Хушбахтона, имрўз ҳам «Шашмақом суннатҳои аслии худро нигоҳ дошта, бо дастгирии устод Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва кўшиши як зумра ҳунармандони маъруфи қарни ХХ амсоли Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Левӣ Бобохонов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов густариши тоза пайдо намуд. Дар рушду густариши ин падидаи беназири мусиқӣ имрўз устод Ҷўрабек Муродов саҳми шоиста мегузорад. Ў на танҳо чандин таронаи ин шоҳасари мусиқиро бо маҳорати баланд месарояд, балки дар такмилу эҳёи матни сурудҳои он низ хидмати арзанда мекунад.Бо саъю талошҳои зиёди ў матни чандин суруди «Шашамақом» эҳё ва барқарор гардид. Яке аз онҳо суруди «Муноҷот» аст, ки аз силсилаи таронаҳои пардаи Дугоҳ буда, замони офаридани оҳанги он маълум нест ва бешак таърихи хеле қадимӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор