Равзанаи адаб

Аввалин матне, ки дар асоси он суруди мазкур офарида шудааст, низ маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, кӣ онро офаридааст ва кӣ бори аввал сурудааст. Вале мусаллам аст, ки ин сурудро касоне офаридаанд, ки дар баробари шоиру ромишгари бузург будан шахсияти барҷастаи замон буда, дарди замону инсони даврони худро дар дил доштаанд. Аз ин ҷост, ки ин суруд низ мисли девони Рўдакӣ мавриди тахриби аҷнабиён қарор гирифта, вале аз байн нарафтааст ва дар дилҳо маскан ёфта, аз насл ба насл то имрўз расидааст.
Дар ибтидои асри ХХ бо рушди пантуркизм раванди туркӣ кардани матни сурудҳои «Шашмақом» низ аз нав ривоҷ пайдо кард. Тавре ки шашмақомшиноси варзида Наим Ҳакимов бо далелҳои муътамад ба субут расондааст, туркгароён бо пуштибонии Файзулло Хоҷаев ва сарвариву назорати Абдурауф Фитрат бо истифода аз мусиқишиносони маъруфи рус В.А.Беляев, В.А. Успенский ва Н. Миронов ҳангоми бори аввал ба нут даровардани «Шашмақом» матни шеърҳои аксари мақомҳоро сабт намекунанд ва ё ба ашъори туркӣ иваз менамоянд. Онҳо ба ҳар васила саъй менамуданд, ки «Шашмақом»-ро ҳамчун осори мусиқии мардуми ўзбек ба қалам диҳанд. Дар ин роҳ ба хусус Файзулло Хоҷаев ва Фитрат хеле саъю кўшиши зиёд ба харҷ медоданд, Бо хиёнати ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «ин фарзандони нохалафи миллати тоҷик» аксари сурудҳои тоҷикии «Шашмақом» аз байн рафтанд ва ҷои онҳоро ашъори туркӣ гирифт. Яке аз ҳамин сурудҳо «Муноҷот» буд, ки мутаассифона, матни нахустину аслии он боқӣ намондааст. Ин сурудро ҳофизони маъруф Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Барно Исҳоқова ва дигарон бо маҳорати баланди сарояндагӣ ба забони узбекӣ иҷро кардаанд. Оҳанги ғамангези ин суруд ба Ҷўрабек Муродов хеле писанд буд, Ба хусус дар лаҳзаҳои ранҷурӣ аз каҷдору марезҳои замон, аз таҳқиру беэҳтиромиҳо нисбат ба ҳунари асил, аз бефарҳангии зимомдорони фарҳанг, аз бухлу ҳасади тоифаи нотавонбин ва нохушиҳои дигари рўзгор ба ин суруд рўй меовард ва аз оҳанги он тасаллӣ меёфт. Вале матни он ўро наметавонист пурра қонеъ намояд, зеро дар шеър шиква аз ҷудоии маъшуқ мерафт, оҳанг бошад дорои авҷи баланди фалакӣ буда, тақозои эҳсосоти густурдатару васеътар мекард. Аз ин рў ў дар ҷустуҷўи шеъре шуд, ки ба ин оҳанг созгор бошад. Ниҳоят пас аз ҷустуҷўйҳои зиёду мутолиаи чандин девону маҷмўҳои ашъори шоирон як ғазали Нақибхон Туғрал таваҷҷўҳи ўро ҷалб намуд.
Дар он ғазал шоир аз ҷавру бедоди замон шикоят мекунад. Дар ин ғазал садои дили ранҷури шахси эҷодкор эҳсос мешуд, ки ба рўҳияи ў дар он лаҳзаҳо мувофиқ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор