Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Табибони бузурги гузашта мисли Абўалӣ ибни Сино ва тибби муосир арзиши табобатии мусиқиро таъкид кардаанд, Ҳатто имрўз бахши мусиқишифоӣ(мусиқитерапия) ба вуҷуд омадааст ва тавассути оҳангу сурудҳо ба дардҳои гуногун шифо мебахшанд.
Суруди «Муноҷот»-ро табибон метавонанд барои муолиҷаи бемориҳое, ки дар заминаи ноумедиву ошуфтагӣ сар задаанд, истифода баранд.
Суруди «Муноҷот» воқеан аз беҳтарин сурудҳои бозгўйкунандаи дарди дили ҳунарманди асили эҷодкор аст. Суруд на танҳо рўҳи шунавандаро ба навозиш меорад, балки ба андешаву хираду ў низ асар мегузорад. Он моҳияти фалсафӣ дошта, касро ба андеша водор месозад. Суруд моломоли дард аст, вале он шунавандаро ба яъсу ноумедӣ намебарад, балки чун эътироз садо дода, дар поён тобиши ғурури виқорро ифода менамояд ва хушбинона садо медиҳад :

Дар ҳавои мўшикофӣ Туғралам пар мезанад, То ту,эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!
Оре, ба рағми ҳама сахтиву душвориҳо ҳунарманди асил мисли уқоб дар ҳавои зиндагӣ баландпарвозӣ мекунад. Ба устоди беназири ҳунари мусиқии тоҷик Ҷўрабек Муродов дар фазои мусиқии ҷаҳонӣ парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.

Робитаҳои судманд

Тоҷикону эрониҳо, ки ду шохи боровари дарахти тануманди
ориёӣ мебошанд, дар дарозои ҳазорсолаҳо бо самараҳои
фаровони худ тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардондаанд. Яке аз
муҳимтарин самараҳои ин ҳамкорӣ китоб аст, ки фарогирандаи
донишу хирад, таҷрибаву ҳикмати он мардумон буда, омили
мондагории онҳо дар арсаи таърих гаштааст. Аз китоби «Авесто»,
ки қадимтарин ёдгории фарҳангии башар аст, то пандномаҳои
аҳди сосониву «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Донишномаву
Сафарномаҳо, «Гулистон»-у «Бўстонҳо», «Баҳористону
«Парешонҳо» ва садҳо асарҳои манзуму мансур таҷассумгари
ҳунару фарҳанги онҳо будааст. Ҳарчанд дар тўли таърих ин
мардумон борҳо дучори харобкориву китобсўзиҳои аҷнабиёни
таҷовузкор шудаанд, бо дасисаи онон миёни онҳо ҷудоиҳо афтодааст, вале ин ҳама мушкилот натавонистааст робитаву ҳакориии ононро қатъ намояд.Масалан, пас аз талошҳои зоҳиран мазҳабии давлатҳои Сафавиёну Шайбониҳо, ки боиси тақсим шудани Эронзамини ягона гардид, робитаҳои фарҳангӣ идома пайдо карданд.

пешина
аз 625
навбатӣ