Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвоқеъ ин ғазал муноҷоти шоир ба фалаки каҷрафтор буд, ки аз ҳоли ногувору беэътибориаш ҳикоят мекард. Носипосиву қадрношиносии аҳли ҳунар боиси маҳзуниву ғами бекарони шоири назарбаланд гаштааст. Дар ин ғазал на танҳо ғаму ғуссаи ҳунарманди эҷодкор, балки эътироози ў низ таҷассум ёфтааст. Дар ҳамаи давру замонҳо рўзгори аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳанг ҳамвор набуда, онҳо сахтиву ранҷҳои зиёд дидаанд. Ба аҳли эҷод гоҳ шодиву хуррамӣ, гоҳ хориву зорӣ, гоҳ роҳату фароғат ва гоҳ азобу машаққат насиб мешуд, вале онҳо дар ҳама ҳолат рисолати аслии худро, ки хидмат ба мардум ва ҳунар аст, адо намудаанд. Туғрал дар ин ғазал дарди дили онҳоро ба қалам додааст.
Дар суруди «Муноҷот» пайванди мазмуну оҳанг ва шеваи иҷро боиси муассир гаштани он шудааст. Мувофиқату таносуби оҳангу мазмун ба ҳамаи сурудҳои Ҷўрабек Муродов хос буда, ҳусну фазилати онҳост. Вале дар суруди «Муноҷот» ин пайванд ба таври хеле барҷаста зуҳур мекунад. Суруд бо изҳори дарди ботинӣ тавассути муроҷиат ба фалак оғоз меёбад:
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ ?!
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ !
Хитоби ҷонгудози «Эй фалак» ва кашиши овози о дар калимаҳои дод, ҷафоят, ҳолам, рост, монанд, долам эҳсоси ғамангезу дардолудро барҷаста ифода мекунанд. Дар байти мазкур вожаҳои фалак, дод(ба маънии фарёд), ҷафо бори асосии маъноро мекашанд, аз ин рў сароянда онҳоро мавриди таъкид қарор медиҳад. Барои ифодаи дарду алам дар саросари суруд овози о нақши калон бозидааст, ки бесабаб нест. Инсон дар ҳолатҳои ногувору пайдоиши дард беихтиёр ин овозро ба забон меорад ё суханонеро мегўяд, ки ин овозро доранд, монанди оҳ, воҳ, вой. Аз ин ҷост, ки дар суруди мазкур аз ҳама бештар овози о ва муродифи кутоҳаш а ба назар мерасад. Дар ҳар мисраъ ин овоз чандин бор такрор шуда, барои баёни ғаму андўҳи ботинӣ мусоидат кардааст. Зимнан бояд гуфт, ки овози о ҳама ҷо бо кашиши яксон талаффуз намешавад. Масалан, дар мисраи дувуми матлаъ, ки тазоди замони пириву ҷавонӣ таъкид мешавад, дар калимаи рост кашиши бештар дорад, вале дар вожаи дол, ки ишора ба қомати хамида аст, овози о кўтоҳтару пасттар садо медиҳад.
Яъне овози мазкур барои таҷассуми ду давраи зиндагии инсон, ки дар ҷавонӣ қомати чун алиф росту дар пирӣ қомати чун ҳарфи дол хамида дорад, мадад расондааст. Корбурди калимаи кардаӣ низ, ки чун радиф дар ҳар байт такрор мешавад, вазъи ногувори гўяндаро дар пириву барҷомондагӣ ироа менамояд. Ба ин минвол метавон ҳар мисраъу байт ва ҳар ибораву таркиб ва вожаву овозро баррасӣ кард ва ошкор кард, ки онҳо барои ифодаи мазмуни аслии суруд, ки ибрози дарду эътироз аст, мусоидат намудаанд…

пешина
аз 625
навбатӣ