Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале аз он аксаран мо бехабар мемонем. Барои мисол чанд рўз пеш дар Теҳрон конференсияи байналмилалии бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузорор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон ягон нафар ширкат накард, зеро касе огоҳ набуд. Солҳои қабл ройзании фарҳангӣ маҷаллаҳои чопи Эронро мегирифт. Холо ягон маҷалла ҳатто маҷаллаи «Бухоро»-ро намегирад.
Дар хулоса бори дигар ин нуктаро таъкид кардани робитаҳо як шўрои муштараки байналитлалӣ(Тоҷикистон, Эрон,Афғонистон) зарур аст. Он шўро метавонад масъалаҳои имло, ҳамгунсозии вожаву истилоҳотро низ назорат намояд.
ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ

Пайванди дўстӣ ва равобити иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии мардумони тоҷику эронӣ дорои суннатҳои хеле ғаниву қадимӣ буда, решаи он ба сапедадами таърих мерасад.
Дар тўли ҳазорсолаҳо ин мардумони ҳамтабору ҳамзабон бо ҳамдастиву ҳамёрӣ кохи бузурги фарҳангеро бунёд намуданд, ки дар тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад. Онҳо яке аз қадимтарин ва пурбаҳотарин китобҳои ҷаҳон «Авесто»-ро, ки тарғибгари «пиндори нек», «гуфтори нек», «рафтори нек» мебошад, садҳо адибону донишмандон, фозилону ҳунармандони бузургро, ки бо осору кашфиёти худ ба пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон мусоидат кардаанд, ҳазорҳо шоҳкорҳои ҳунари меъморӣ, мусиқӣ, тасвирӣ ва амсоли онҳоро ба аҳли башар эҳдо намудаанд. Саҳми онҳо ба хусус дар ташаккулу такомули тамаддуни исломӣ хеле назаррас аст. Онҳо ҳарчанд ҷабри зиёди таърихро дида, борҳо гирифтори истилои аҷнабиён гардидаанд, вале ҳеҷ гоҳ аз офаридани осори ҳунариву фарҳангӣ даст накашидаанд ва ба истилогарон низ маърифат омўхтаанд.
Мутаассифона, бар асари ҳаводиси сиёсӣ ва ба хусус ихтилофи давлатҳои навтаъсиси Шайбониву Сафавӣ дар қарни 10 ҳиҷрӣ миёни ин ду мардуми ҳамтабор ҷудоӣ ба вуҷуд омад, Ин ҷудоӣ ба хусус дар қуруни ахир бо таъсиси давлати абарқудрати Шўравӣ бештар гардид. Дар он давра равобити мустақими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон вуҷуд надошт. Вале ин натавонист нахҳои дўстиву робитаи фарҳангии онҳоро барканад. Дар қуруни вусто адибону донишмандон ва фарҳехтагони ҳар ду кишвар алорағми сиёсати давлатҳо бо роҳу василаҳои гуногун пайванди дўстиро ҳифз менамуданд. Аз ҷумла адибони тоҷику эронӣ ба Ҳиндустон рафта, дар он ҷо маркази бузурги адабиву фарҳангиро бунёд намуданд, ки ба унвони адабиёти форсизабони Ҳинд маъруф аст. Адибону донишмандон ба кишварҳои ҳамдигар сафар намуда, робитаҳои гусастаро барқарор мекарданд. Масалан адиби тоҷик Малеҳои Самарқандӣ дар қарни 11 ҳиҷрӣ ба Эрон сафар намуда, дар тўли се сол аз шаҳрҳои гуногуни он ҷо дидан мекунад, бо садҳо шоирону донишмандон мулоқот менамояд ва иттилооти муфидеро роҷеъ ба онҳо дар тазкираи «Музокируласҳоб» дарҷ менамояд.
Тавре ки муҳаққиқон ба субут расондаанд, аксари иттилооти Малеҳо ҳатто нисбат ба маълумоте, ки ҳамзамони эронии ў Насрободӣ дар тазкирааш додааст, муфассалтару саҳеҳтар аст.

пешина
аз 625
навбатӣ