Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар замони Шўравӣ ҳам фарҳехтагону фарҳангиёни ҳар ду кишвар саъй менамуданд ки мардумро бо дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии ҳамзабонони худ ошно намоянд. Вақте ки адибу донишманди маъруфи Эрон Саъид Нафисӣ бори аввал бо «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, ки соли 1926 дар Маскав ба табъ расида буд, шинос мешавад, ба ваҷд омада, дар рўзномаи «Шафақи сурх» менависад : «Барои ҳар касе, ки дар адаби порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва бар ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонанд». Садриддин Айнӣ ҳам бо мақолоти худ мардуми тоҷикро бо вазъи Эрон дар он даврон ва рўйдодҳои фарҳангии он пайваста ошно менамуд. Адибону донишмандони тоҷик бо ҳар васила осори адибони эрониро дастрас намуда, ба ҳуруфи сириллик баргардон ва нашр менамуданд. Осори Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Мирзода Ишқӣ, Фаррухии Яздӣ, Муртазо Мушфиқи Козимӣ, Саъид Нафисӣ, Содиқ Ҳидоят, Парвини Эътисомӣ, Сиёвуши Касроӣ, Нодири Нодирпур ва даҳҳо адибони дигар бо теъдоди зиёд мунташир гардиданд. Дар Эрон низ «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ ва осори зумрае аз адибони тоҷик ба нашр расиданд.
Пирўзии Инқилоби Исломии Эрон ва истиқлол пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи наверо дар робитаи фарҳангии ду кишвари ҳамзабон оғоз намуд. Ба хусус пас аз таъсиси Сафортаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ройзании фарҳангии он дар Тоҷикистон робитаҳои фарҳангӣ хеле ривоҷ пайдо кард. Таъсиси китобфурўшиҳои интишороти «Алҳудо» ва «Сурўш» дар шаҳри Душанбе, ташкили сафарҳои ҳунарии театрҳои Тоҷикистон ба Эрон ва ширкати онҳо дар ҷашнвораҳои гуногун, сафари гурўҳҳои мусиқӣ, ҳунарпешагону коргардонҳои синамо ба кишварҳои ҳамдигар, ширкати намояндагони илму адаб дар намоишщгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ва тадбирҳи зиёди дигари фарҳангӣ, ки ҳар сол баргузор мегарданд, аз рушди бесобиқаи робитаи фарҳангии ду кишвари дўст шаҳодат медиҳанд.
Ширкати олимони тоҷик дар ҳамоишҳои гуногуни илмӣ, ки дар марказҳои илмиву омўзишии Эрон баргузор мегарданд ва ширкати олимони эронӣ дар конфаронсу семинарҳои илмие, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, хеле вусъат пайдо кардааст.
Дар айни замон дар Академияи улуми Тоҷикитон ва донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон беш аз 1600 нафар донишҷўёни эронӣ дар мақтаъи докторӣ таҳсил мекунанд, ки ин аз рушди робитаи илмии ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

пешина
аз 625
навбатӣ