Равзанаи адаб

Аҷамӣ, А. Мухторов, М. Шакурӣ, Раҳими Қубодиёнӣ, М. Шукурзода ва дигарон ошно шуданд.
Дар тавсиаи равобити фарҳангии ду кишвар, ба хусус нашру интишори китобу маҷаллоти илмиву адабӣ нақши Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки нахустин сафоратхонаи кишвари хориҷӣ дар мамлакати мо буд ва Ройзании фарҳангии он хеле бузург аст. Нахустин сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, ки воқеан фиристодаи доно ва дўсти содиқу вафодори мардуми тоҷик буда, барои пешрафти фарҳанги мо саҳми бузург мегузорад, фаъолияти худро дар он солҳои пурошўб бо тадбирҳои фарҳангӣ шурўъ намуда, ба дастгириву пуштибонии аҳли илму адаби тоҷик пардохт. Таъсиси китобфурўшиҳои Алҳудо ва Сурўш дар шаҳри Душанбе, таъсиси китобхонаҳо дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ, чопи китобҳои зиёди адибону донишмандони тоҷик, ташкили сафарҳои гурўҳҳои олимону ҳунармандони тоҷик ба Эрон ва амсоли инҳо аз ҷумлаи он тадбирҳо буданд, ки маҳз дар замони сафирии эшон сурат гирифтааст.
Маҳз бо намоишгоҳи китоб оғоз ёфтани аксари тадбирҳои муштараки фарҳангии ду кишвар низ ба муҳим будани ҷойгоҳи китоб дар ҳаёти мардумони мо гувоҳӣ медихад. Аз ҷумла Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки дар остонаи наврўзи соли 2011 дар Китобхонаи миллии Фирдавсии Тоҷикистон баргузор гардид, бо намоишгоҳи китобҳои наву нафиси нашриётҳои эронӣ шурўъ шуда, таваҷҷўҳи аҳли илму адаб ва хонандагони пуршуморро ҷалб намуд.
Ташкили Ҳафтаи фарҳангӣ ва ҳамоишу тадбирҳои дигари фарҳангӣ на танҳо боиси рушди робита мегардад, балки заминаҳои ҳамкориро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт фароҳам меорад.
Ҳамкории кишварҳои форсизабон солҳои охир дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба хусус дар заминаи фарҳанг самараҳои хуб медиҳад.
Самараи муҳими он ҷаҳонӣ шудани ҷашни миллии мардумони эронитабор Наврўз мебошад, ки дар замони ҷаҳоншумулӣ пирўзии бузург аст. Мо бояд барои мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани забони форсӣ ҳам кўшиш ба харҷ диҳем..
Барои рушду тавсиъаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон имконоти фаровоне мавҷуд аст, ки бояд аз он барои пешрафти илму адаб ва фарҳангамон истифода кард. Ташкили марказҳои муштараки илмиву фарҳангӣ, мадрасаву донишгоҳҳои муштарак, нашрияҳои муштарак, садову симои форсизабонон, синамои муштарак ва амсоли инҳо ба пешрафти фарҳанги мардумони форсизабон ва кулли ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор