Равзанаи адаб

Фарҳангсолор ва офаридгори китоб
Донишманди фарзона академик Д.С.Лихачев аз зумраи он мардони бузургест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг саҳми арзанда гузошта, ҳамчун фарҳангсолори замон шинохта шудаанд. Ном ва осори ў ба хонандагони тоҷик, ба хусус ба муҳаққиқони таърихи адабиёт ва матншиносон хеле хуб ошност. Асарҳои илмӣ, назару андеша, равиши таҳқиқи ў дар баррасии масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёту фарҳанги мо низ судманданд. Зеро аввалан он асарҳо бештар ҷанбаи қавии назарӣ доранд, сониян равиши таҳқиқи ў ва ба хусус усули матншиносиаш барои муҳақиқони мо низ қобили истифода мебошанд. Бесаба нест, ки ховаршиносони маъруф Е.Э.Бертельс ва М.Н. Усмонов ҳангоми таҳияи матни илмиву интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ усул ва равиши матншиносии Д.С.Лихачевро асоси кари худ қарор додаанд.
Рўзгори ин марди бузург ҳамеша бо китоб тавъам буда, ин ганҷи дониш мояи ҳаёти ўро ташкил медод. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқи маъруфи соҳаи китобшиносӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Россия В.И. Василев дар асари худ « Дмитрий Сергеевич Лихачев ва китоб» ин мавзўъро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Китоб ба муносибати 100-солагии донишманди бузург нашр гардида, аз чор бахш ибооат аст. Дар ҳар бахш як ҷанбаи муҳимми робитаи ў бо китоб баррасӣ шудааст.
Дар бахши авали китоб «Д.С.Лихачев – корманди нашриёти академия» фаъолияти олим дар давраи ҷавонӣ ба қалам дода шудааст. Муаллиф муҳимтарин лаҳзаҳои рўзгори олимро, ки бо чопи китоб марбутанд, зикр намудааст. Фаъолияти Д.С.Лихачев соли 1932 дар нашриёти иқтисодии шаҳри Ленинград ба ҳайми муҳаррири адабӣ шурўъ шудааст.Соли 1934 нашриёти мазкур ба шўъбаи ленинградии нашриёти Академияи илмҳои Шўравӣ табдил меёбад ва Д.С.Лихачев то соли 1938 дар он ҷо дар вазифаҳои мусаҳҳеҳи илмӣ, муҳаррири адабӣ ва муҳаррири шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ кор мекунад. Д.С.Лихачев ба матбааи аввалини академия, ки ҳанўз соли 727 таъсис шуда буд, дилбастагии зиёд дошт ва борҳо аз он ки аксари китобҳояш дар ин чопхонаи хеле маъруф ба табъ расидаанд, ифтихор кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор