Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷммла дар Институти химияи ба номи В.И.Никитин технологияи ба даст овардани ҳомилони маводи доруворӣ дар асоси моддаҳои пектинӣ ва сафедаҳои зардоби шир коркард ва такмил дода шуд. Тарҳи технологияи ғанигардонии маъданҳои фосфоритии кони Қаратоғ коркард шуда, консентрати фосфоритие ҳосил гардид, ки маводи пурарзиш барои истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ ба ҳисоб меравад. Технологияи саноатии истеҳсоли оддии лигатураи алюминий бо стронсий ва барий коркард шудааст.
Муқаррар шуд, ки ҷавҳаронидани пешакӣ бо миқдори ками бериллий ба камшавии талафоти металлҳои ишқорзаминӣ мусоидат мекунад. Ин технологияро дар Корхонаи алюминийии Тоҷикистон ба роҳ мондан судманд хоҳад буд.
Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология захираи маълумотро дар барномаи ГИС (системаҳои геоитиллоотӣ) барои силсиланерўгоҳҳи обии барқӣ ба вуҷуд оварданд, ки имкони баҳодиҳии гуногуни хатари сейсмикӣ ва устувории нишебиҳоро муайян мекунад. Ҳамзамон баҳодиҳии эҳтимолии хатари сейсмикии ноҳияҳои ҷойгиршавии силсиланерўгоҳҳо дар дарёи Вахш ба иҷро расонида шуд.
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо назардошти тадқиқоти қаблӣ ва корбурди моделҳои математикӣ системаҳои идоравии ҷараёни об бо истифода аз обанборҳои нисбатан азим дар Осиёи Марказӣ – Норак, Токтогул, Қайроқум ва Андиҷон коркард шуданд.
Илова бар ин бо истифода аз модели математикии танзими маҷ-маавии ҷараёни силсила НБО-ҳои мавҷуда, ба монанди НБО-и Норак ва обанбори сохташудаистодаи НБО-и Роғун, системаҳои танзимкунандаи ҷараёни дарёи Вахш бо назардошти манфиатҳои ояндаи муштараки энергетикӣ ва ирригатсионӣ коркард ва пешниҳод шуданд.
Олимони Институти астрофизика дар асоси мушоҳидаҳои шабакаи болидии Тоҷикистон, ки дар солҳои 2010-2012 гузаронида шудаанд, метеороидҳои ғайриоддие ба қайд гирифта шудаанд, ки ба атмосфераи Замин ворид шудаанд. Аз рўи базаи додашудаи мадорҳои астероидҳои наздизаминӣ (АНЗ), ки тайи солҳои 2009- 2013 кашф карда шудаанд, се астероиди бо мадорҳои наздик бо ҳам ва кометамонанд ҳаракаткунанда ошкор карда шуданд.
Дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ хосияти ҷаббиши пустлохи чормағзи юнонӣ, чалғўзаҳои сосна, тут ва арча барои аз уран тозакунии обҳои урандор омўхта шудаанд. Схемаи принсипиалии технологии тоза намудани об коркард шудааст. Нишондиҳандаҳои муқоисавии ҷаббандаҳои табиӣ аз маводҳои маҳаллӣ оварда шуданд.

пешина
аз 625
навбатӣ