Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар китоб зимнан андешаҳои Д.С.Лихачев дар бораи аҳамияти китоб дар пешрафти ҷомеа, арзишҳои он низ сухан рафтааст. Аз ҷумла тавре ки маълум аст, дар бораи нақши китоб дар замони пешрафтҳои млму фановарӣ, ба хусус пас аз пайдоиши вомитпаҳои нави иттилоот баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Гурўҳе даъво мекунанд, ки замони китоб ба поён мерасад ва ҷои онро воситаҳои дигар хоҳанд гиирфт. Д.С.Лихачев да сўҳбатҳои худ ба ин даъвои муҳаққиқонэътироз намуда, аз ҷумла гуфта буд: «Манн ёд дорам, ки дар баччагӣ вақте кино пайдо шуд – ин қабл аз анги авали ҷаҳон – ҳама фикр мекарданд, ки акнун умри театр ба охир расид: фақат кино мемонад ва театр аз байн меравад. Вале ҳам кино боқӣ монд, ҳам театр, ҳар кадом ҷои худро пайло карданд.
Ин ҷо ҳам ҳамин тавр: ҳам телевизион мешавад, ҳам китобҳо мемонанд, яъне рушди фарҳанги китоб барои мо хеле муҳим аст»(с. 21). Ин андешаҳои Д.С.Лихачев, ки дар охири асри ХХ гуфта буд, имрўз дар асри ХХ1 низ дурустии худро исбот намуд.
Имрўз бо он ки василаҳои навини иттилоотрасонӣ чун интернет ба вуҷуд оммаданд, китоб ҳамчунон арзиши маънавию зебошинохтии худро нигоҳ мелорад ва пай васта рушд меёбад.
Китоби В.И. Васильев ба субут мерасонад, ки академик Д.С.Лихачев на танҳо адабиётшинос, забоншинос, муаррих, фарҳангшинос, файласуф, санъатшиноси барҷаста аст, балки дар китобшиносӣ низ саҳми босазо гузошта, дар таърихи илму фарҳанги рус ва олаи ҷойгохи хос дорад.

Хўшае аз дастовардҳои илми тоҷик

Дар соле, ки гузашт, илми тоҷик низ ҳамқадами замон пеш рафта, ба дарёфти дастовардҳои зиёд ноил гардид. Фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази ҳпмоҳангсози илми кишвар маҳсуб меёбад, далели он мебошад.
Муассисаҳои илмии академия тибқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015»
ва 7 барномаи давлатии соҳавӣ нерўи илмии худро барои рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуданд.
Олимони академия дар натиҷаи талошу ҷусторҳои пайгиронаи илмӣ, заҳмату кўшишҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни илм кашфиёту ихтироот намуда, комёбихои тоза ба даст оварданд.

пешина
аз 625
навбатӣ