Равзанаи адаб

доштаанд.
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов манобеъ ва масъалаҳои муҳимтарини тасаввуф, калом ва фалсафаи ишроқ аз давраҳои аввал то асри 15 мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд.
Кормандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ дар мавзўъҳои «Таҳқиқи грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ», «Омўзиш ва пажуҳиши забонҳои шарқӣ-эронии Тоҷикистон», «Баррасӣ ва таҳияи луғатҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ», «Масъалаҳои фарҳангнигории забони тоҷикӣ», таҳия ва тадвини матни илмиву омавии маснавии «Тўҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ, “Ҷомеъ-ул-улум”-и Фахриддини Розӣ, «Девони Бадри Шервонӣ» «Мусибатнома»-и Фариддуни Аттор, девони Соиби Табрезӣ бо луғат ва тавзеҳот корҳо анҷом доданд; доир ба насри ривоятӣ ва фолклори идҳои исломии мардуми тоҷик, «Гўрғулӣ»-и насрӣ ва манзум, «Симои Сулаймон дар адабиёти шифоҳӣ»,«Нақлҳои шифоҳӣ», «Нақлу ривоятҳои фолклори яғнобӣ» аз сарчашмаҳои хаттӣ ва маҷмўаҳои фолклорӣ мавод ҷамъоварӣ намуданд.
Таҳқиқоти кормандони Институти иқтисодиёт ва демография муқаррар намуд, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи пасти молиявии бозори Тоҷикистон бо масади имрўзикунонии иқтисодиёти кишвар қарзҳои беруна ва маблағгузорӣ лозим аст, аммо ин ба афзоиши қарзи беруна оварда мерасонад. Яъне барои таъмини ҷараёни имрўзикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон на танҳо танзими макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар иқтисод зарур аст, кам будани қарз ва коҳиш додани шартномаҳои молиявии дарозмўҳлат низ лозим мебошанд; дар натиҷаи омўзиш муайян карда шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит ва таъмини замина барои гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ бояд як қатор чорабиниҳои ташкиливу иқтисодӣ анҷом дода шаванд.
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров таълифи бобҳои ҷудогонаи «Грамматикаи таърихии забони шуғнонӣ (морфология)» ба итмом расонида шуд. Натиҷаҳои тадқиқоти маводи фолклорӣ нишон медиҳанд, ки ривоятҳо оид ба ҷойҳои муқаддас, ки аз насл ба насли гузашта, имрўз маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд, решаи ягона дошта, бо ривоятҳои ноҳияҳои дигари Тоҷикистон умумият доранд.
Олимони Академияи илмҳо илова бар баррасиҳои илмии масъалаҳои бунёдиву назарӣ ба коркарди ҷанбаҳои амалии ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодву фарҳангӣ машғул шуда, дар ҳалли мушкилоти зиёде саҳми арзанда гузоштанд. Масалан, кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология санҷиши(экспертизаи) лоиҳаҳои қисмҳои сохтмонии як қатор биноҳои баландошёна ва бунёдҳои баланд, аз он ҷумла чор бинои истиқоматӣ ва бинои маъмурии 12-14-ошёна мисли бинои 12- ошёнаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои истиқоматии 14-ошёнаи воқеъ дар кўчаи Карамов, маҷмўаи варзишӣ дар ш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор