Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Душанберо анҷом доданд.
Дар Институти химияи ба номи В.И.Никитин технологияи истеҳсоли пектин аз партовҳои мевагин коркард шуда, бо патент ҳифз карда шуд. Технологияи раванди ишқорронии сианидии тилло ва нуқра дар ҳарорати 25-30 о С, ки дар Институт коркард шудааст, дар қитъаи хокгардони кони Ҷилав, инчунин дар ишқорронии маъдани корхонаи «Зарафшон» татбиқ гардид.
Кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.
Умаров тарзҳои тозаи ташхиси пешакии псориаз ва витилигоро бо усули спектроскопияи инфрасурхӣ дар таҷрибаи клиникии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва Беморхонаи шаҳрии №1 ш. Душанбе татбиқ намуданд. Ба Беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» ш. Душанбе тарзи спектроскопии ташхиси марҳилаҳои гуногуни бемории холетсистит барои татбиқ пешниҳод шудааст.
Натиҷаҳои илмии таҳқиқоти кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология оид ба таҳлил ва коркарди маълумотҳои воқеии кори НОБ-ҳои азими Тоҷикистон – Норак, Қайроқум, инчунин моделҳои математикии коркардшудаи низоми кори гидрогиреҳҳо бо обанборҳояшон ба ҶС «Барқи Тоҷик» барои истифодаи амалӣ пешниҳод карда шуд.
Дар шароити ноҳияи Ҷиргатол бештар аз 3600 дона картошкаи аз вирус озод кардашуда, ки дар шишанайчаҳо дар лабораторияи биологияи молекулявӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабзонида шудааст, кошта шуданд. Дар майдони 1 гектар навъҳои ояндадори картошкаи «Тоҷикистон», «Рашт» ва клон- навъи ояндадори «Академияи илмҳо», ки дар санҷиши Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва ҳифзи навъи ВК ҶТ қарор доранд, кишт карда шуданд. Дар хоҷагии деҳқонии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон навъи нави пахтаи миёнанахи минтақабобокардашудаи «Шавкат-80» дар майдони 20 гектар кошта шуд.
Олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониш китобҳои “Мероси илмии А.А. Семёнов ва М.С.

пешина
аз 625
навбатӣ