Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андреев (ҳуҷҷатҳои бойгонӣ)”, “Мунтахаби осори академик А.А.
Семёнов”, “Мактаби актёрии тоҷик”, “Борбад ва Рўдакӣ. Ворисият ва умумияти анъанаҳо” ва амсоли онҳоро ба чоп расонданд, ки ба пешрафти илму фарҳанги муосири тоҷик хеле судманданд.
Дар Академияи илмҳо ба тарбияи олимони ҷавон таваҷҷўҳи зиёд зоҳир мешавад. Ҳоло 273 аспирант дар муассисаҳои илмии он таҳсил менамоянд. Олимони академия ҳамчунин умтоди роҳнамои беш аз ҳазор рисолаи дипломи донишҷўёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва унвонҷўёни кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои зиёди байналмилалии илмӣ буда, бо муассисаҳои гуногуни илмии кишварҳои пешрафтаи олам ҳамкориву робитаи зич дорад. Соли гузашта Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ имзо гардид. Созишномаи илмиву техникӣ байни Маркази илмиву техникӣ ва маълумотҳои иқтисодии Осиёи Марказии ноҳияи Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Маркази инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ ба имзо расид; Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2013-2017 байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба масъалаҳои илмӣ, навоварӣ ва иттилоотии Украина баррасӣ шуд. Бо ташаббуси Шўъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ ва Шўрои биоахлоқ дар назди АИ ҶТ, бо кўмаки Вазорати дифои Британияи Кабир, Донишгоҳи Бредфорд(Британияи Кабир), намояндагони МНТС ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари таълимии байналмилали дар мавзўи ”Таълими мутахассисони биоахлоқ ва биобехатарӣ. Серияи миллӣ” ташкил карда шуд. Ҳамроҳ бо мутахассисони амрикоӣ дар соҳаи сейсмология семинари илмву амалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи сейсмология” баргузор гардид.
Дар соли 2013 59 нафар корманди АИ ҶТ барои коромўзӣ, ширкат дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ 124 сафари хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ доштанд.

Академияи илмҳо ҳамчун маркази ҳамоҳангсози илмӣ дар
ташкили тадбирҳои гкногуни илмиву фарҳангӣ саҳми калон
мегузорад. Муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли сипаришуда 8 конференсияи байналмилалӣ, 20
конференсияи умумиҷумҳуриявӣ ва 15 семинару мизҳои мудаввар
ва курсҳои омўзишӣ баргузор намуданд, ки Конференсияи
байналмилалии «Коркард ва истифодаи комплексии ангишт»;

пешина
аз 625
навбатӣ