Равзанаи адаб

Дар соли сипаришуда чанд олими академия соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд. Академик Р. Масов ба дарёфти ҷоизаи ИДМ “Ситораи Иттиҳод” дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ноил гардид. Доктори илмҳои филологӣ, профессор С. Ш. Табаров ба Ҷоизаи ба номи М. Осимӣ ва доктори илмҳои биологӣ Х.
Ақназаров ба Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский сарафроз шуданд. нафар олими ҷавони АИ ҶТ барои дастовардҳои назарраси илмӣ соҳиби дипломҳои АИ ҶТ гардиданд.
Дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ монанди солҳои пешин душвориҳое мавҷуданд, ки асосан ба норасоии маблағ барои таъмири биноҳои институтҳо, харидани лавозимоти зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ, китобу маҷаллаҳои илмӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра вобастаанд. Дар иқтисодиёти кишвар коркардҳои илмии олимони АИ ҶТ ба сабаби набудани дархосту фармоишҳо хеле кам татбиқ мешаванд.
Заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ҷавобгўи талаботи замон намебошад. Маблағгузории бештар ба илм, ҳавасмандгардонии моддиву маънавии олимон, ки ҳанўз қаноатбахш нест, боиси боз ҳам бештар гардидани самараи меҳнати онҳо хоҳад шуд.
Умед аст, ки дар соли 2014 олимони Академияи илмҳо қуллаҳои навро фатҳ намуда, комёбиҳои тозаи илмӣ ба даст меоранд ва барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии ҷумҳуриамон саҳми шоиста мегузоранд.
Соли 2013

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор